Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чиптаи Маскав - Душанбе (ТоҷикЭйр) арзон шуд


Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон қимати чиптаи хатти сайри Маскав-Душанберо поин бурд.


Ба иттилоъи дафтари матбуоти ТоҷикЭйр, шурӯъ аз 17 сентябр қимати чипта 247 евро муодили 342 доллари амрикоист. Қаблан, мусофирони оддӣ барои як чипта 263 евро муодили 364 доллар пардохт мекарданд.


Ва аммо қимати чипта барои мусофирони тиҷорӣ ва ё "бизнес - класс" бетағйир боқӣ мондааст.


ТоҷикЭйр ҳамчунин хабар дод, ки қимати чипта дар масири Душанбе-Маскав низ тағйир нахурдааст. Қимати чиптаи оддӣ дар ин масир 294 доллар ва чиптаи тиҷорӣ - 412 доллар аст.
XS
SM
MD
LG