Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушарраф аз раъси артиш меравад, агар...


Вакили дифоъи раисҷумҳури Покистон имрӯз, 18 сентябр, ба Додгоҳи олии кишвар гуфт, ки Парвиз Мушарраф дар сурати аз нав интихоб шуданаш дар маснади раисҷумҳур аз мақоми фармондеҳи артиш канор меравад.


Шарофиддин Пирзода - вакили дифоъи Мушарраф дар мавриди ин тасмими раисҷумҳур ба таври расмӣ хабар дод.


Дирӯз, 17.09 Додгоҳи олӣ баррасии аризаи гурӯҳи афроди мазҳабӣ, вакилони дифоъ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ алайҳи Парвиз Мушаррафро шурӯъ кард.


Интихоботи раёсати ҷумҳур дар Покистон бояд моҳи октябр баргузор шавад. Рӯзи дақиқи интихобот тули ҳафта эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG