Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Осиёи Марказӣ: Бо Тоҷикистон ё бидуни он?


Назарбоев:

Нурсултон Назарбоев бо таъкиди мукаррар ба зарурати таъсиси Иттиҳодияи Осиёи Марказӣ гуфт, гузинаи дигаре барои таъмини пешрафти шоиста ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ва густариши ҳамкориҳо вуҷуд надорад. Раисҷумҳури Қазоқистон бори дигар хостори барасии ин пешниҳод аз ҷониби пешвоёни минтақавӣ шуд. Ӯ гуфт, Осиёи Марказӣ, ки 55 миллион нуфуз дорад, имконот, зарфияти муносиб ва аҳдофи муштарак барои пешрафт дорад. Ба қавли Назарбоев, ҳамкорӣ дар чаҳорчуби ин иттиҳодия тиҷорати муштарак ва боз кардани марзҳо бар руи одамон ва барои сармояро ба мо меомузад.


Раҳмон:

Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар посухи ин суханони Нурсултон Назарбоев гуфт, аз пешниҳоди таъсиси чунин Иттиҳодияе ҷонибдорӣ мекунад, аммо таҳти шароите, ки ҳаққи ҳамаи кишварҳои аъзо баробар ва механизми таъмини чунин баробарҳуқуқӣ рушан бошад. Ӯ гуфтааст, таъсиси чунин иттиҳодия танҳо дар сурати аввал баробарҳуқуқии мутлақи ҳамаи кишварҳои узв, дуввум эҷоди фазо ва режими воҳиди ҳуқуқии минтақаӣ, саввум тазмини интиқоли озодонаи сармоя, молу коло ва нируи корӣ дар ҳудуди кишварҳои узв ва чорум ҳастаи ин созмонро истифодаи оқилонаи манобеи энержӣ ва обӣ ташкил кардан мумкин ва амалӣ хоҳад буд.


Назарбоев:

Нурсултон Назарбоев билфосила ба ин суханон ҳамтои тоҷики худ посух дод, ки ҳама гуна ҳамгироӣ дар сурате муассир хоҳад буд, ки ҳама аз он баробар нафъ бибаранд. Ва ҳамаи аъзо ҳаққи баробар дода бошад. Назарбоев гуфт, медонад, ки иттиҳодияе, ки ҳаққи аъзои худро сарфи назар мекунад, пойдор нахоҳад буд.



Таҳлилгарон:

Аммо ба гуфтаи мақомоти кишварҳои минтақа аз ҷумла Тоҷикистон ин пешниҳод аз суи мақомоти ин кишварҳо дар дасти баррасист. Ин дар ҳолест, ки расонаҳо ва маҳолифи мухталифи иҷтимоӣ аз муддатҳо роҷеъ ба аҳамияти ин иттиҳодия ва суду зиёни он барои Тоҷикистон баҳс доранд ва акнун ин баҳсо шиддати бештаре кашф кардааст.

Таҳлигарони тоҷик то кунун ду нуктаи назарро баён кардаанд. Як гуруҳ ҷонибдори иттиҳодия ва гуруҳи дигар мухолифи он изҳори назар карда ва баҳсҳо низ аслан дар заминаи ҳамин ду мавқеъ идома дорад.

Ҷамъе ба ин назаранд, ки Иттиҳодияи Осиёи Марказӣ ба суди рушди иқтисодии Тоҷикистон аст. Дар ҳоле, ки ҷамъи дигар мегуяд, таҷрибаи сармоягузории Қазоқистон дар Қирғизистон нишон дода, ки дар сурати муҳтотона амал накардани мақомот, бахши аъзами иқтисод, аз ҷумла низоми бонкӣ умдатан таҳти назорати сармоягузорони қазоқ қарор гирифтааст. Ин гуруҳ мегӯянд, ин итиҳодия дар сурати муҳим ва зарур аст, ки Тоҷикистон барои ворид шудан ба он шароит ва имкони кофӣ, аз ҳар лиҳозро дошта бошад.


Масъалаи амнияти миллӣ

Аммо бархе ҳам мегӯянд таъсиси чунин иттиҳодия метавонад таҳдиде ба амнияти қавмӣ ё этникӣ эҷод кунад. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик ин иддаоро рад мекунад ва мегӯянд, иттиҳодия дар сурати таъсис шудан бо меъёрҳои имрузӣ ва бо авлавиятҳои иқтисодӣ таъсис хоҳад шуд ва аз ноҳияи амнияти миллӣ таҳдиде ба истиқлол ва амнияти қавмӣ нахоҳад дошт.

Аммо масъалаи дигаре ҳам, ки дар сари роҳи таъсиси чунин иттиҳодияе вуҷуд дорад, ихтилофи шадиди назар миёни кишварҳои минтақа сари масоили мухталиф аст. Масоили ҳалнашуда аз баҳсҳои марзӣ гирифта то танзими истифодаи манобеъи обӣ мушкилест, ки қабл аз ҳалли он таъсиси ҳар ииитиҳодияе ғайримумкин хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG