Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия сарвазир нав шуд


Виктор Зубков -- раиси Кумитаи дидбонии молии Русия аз тарафи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба маснади сарвазири Русия пешбарӣ шуд. Ин пешбарӣ дар ҳоле ба амал омад, ки имрӯз ҳукумати Русия таҳти раёсати сарвазир Михаил Фрадков ба истеъфо рафт. Владимир Путин баъд аз мулоқот бо Михаил Фрадков дар Кремл истеъфои ҳукуматро пазируфт.


Михаил Фрадков изҳор кард, ки истеъфои ҳукумат бо чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи парлумонӣ ва интихоботи раёсати ҷумҳур бастагӣ дорад ва мехоҳад ба Путин барои тасмимгириҳо, аз ҷумла, дар масоили кадрӣ озодии комилро таъмин кунад. Интихоботи парлумонӣ дар Русия 2-юми декабр ва интихоботи президентӣ 2-юми марти соли оянда доир мегарданд. Владимир Путин аз Михаил Фрадков изҳори сипос кард ва аз ӯ хост, ки то пазируфта шудани номзадии сарвазири нав аз сӯи Думаи давлатӣ раҳбарии кобинаи вазиронро идома диҳад.
XS
SM
MD
LG