Султон Холиқназаров, муовини ситоди марказии Кумитаи умури изтирорӣ ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон, гуфт ҳадаф аз баргузории машқҳои муштараки гурӯҳҳои наҷотдиҳандаи ин ду кишвар табодули таҷриба ва омӯзиши усулу роҳҳои нави кумаки оҷил ба афроди фалокатзада дар манотиқи куҳистонӣ мебошад. Оқои Холиқназаров афзуд, ба ин манзур дастае аз гурӯҳҳои наҷотдиҳандаи нерӯҳои ҳарбии ҳавоии Амрико, ки дар иёлати Аляскаи ин кишвар мустақар мебошанд, вориди Тоҷикистон шудаанд.
Ба таъйиди ин мақоми Кумитаи изтирории Тоҷикистон, анҷоми рӯзи нахусти тамринот нишон додааст, ки новобаста аз камбуди техникӣ ва бархе аз мушкилоти дигари фаннӣ омодагии дастаи наҷотдиҳандагони тоҷикро ҷиҳати ёрии таъҷилӣ ба афроди офатзада мусбат арзёбӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, оқои Холиқназаров истифода аз таҷрибаи мутахассисони гурӯҳи наҷотдиҳандаи нерӯҳои ҳарбии ҳавоии Амрико, ки бо техникаи мудерн муҷҷаҳаз ва низ аз таҷрибаи байнулмилалӣ дар ин замина бархурдор ҳастанд, барои гурӯҳҳои наҷоти Тоҷикистон боаҳаммият мебошад. Махсусан, дастае, ки дар ин тамринот ширкат дорад, гурӯҳи шумораи 920-и чатрбозони наҷотдиҳанда дар нерӯҳои ҳавоии Амрико дар рафъи авоқиби тӯфони Катринои иёлати Луизиана иштирок карда, таййи 50 соли фаъолияташ тавонистааст ҷони беш аз 1900 нафари ба фалокатзадаро наҷот бидиҳад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар ҷараёни машқҳои муштараки гурӯҳҳои наҷоти Тоҷикистону Амрико, ки қарор аст то як ҳафта идома ёбад, ҳамчунин роҳҳои раҳоии афроди гирмонда дар вазъияти ҷангӣ ва расонидани имдоди аввалияи тиббӣ дар чунин вазъ омӯхта мешудааст.