Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медали биринҷии паҳлавони тоҷик


Ин мусобиқа бо ширкати беш аз 100 гуштигир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, Русия, Беларус, Олмон ва Кореяи Ҷанубӣ дар шаҳри Уралски Қазоқистон баргузор шуд.

Набимуҳаммад Хоркашев, қаҳрамони Осиё дар соли 2007 дар ин мусобиқа дар вазни зери 90 килограмм рақобат карда, бар ҳарифони худ дастболо шуд ва ба давраи ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вале сипас ӯ аз гуштигири Русия Виктор Стороженко мағлуб гардид ва дар ҷойи севвум қарор гирифт.

Бозии дӯстона: Қазоқистон - Тоҷикистон

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон рӯзи шанбеи ҳаштуми сентябр дар шаҳри Алмати бо тими миллии Қазоқистон бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин бозӣ барои мо як санҷишест пеш аз бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010. Ҳарифи мо дар марҳилаи муқаддамотии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дастаи мунтахаби Бангладеш мебошад. Бозии аввали мо бо ин даста 8-уми октябри соли равон дар шаҳри Дакка ва бозии ҷавобӣ 28-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.»

Бозиҳои варзишӣ дар Қирғизистон

Дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҳафтумин давраи Бозиҳои варзишии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва манотиқи Русия таҳти шиори «Осиё - минтақаи ҳамкорӣ ва сулҳ» ҷараён дорад.

Дар мусобиқот оид ба 15 навъи варзиш ҳудуди 800 варзишгар аз Қазоқистон, Узбакистон, Тоҷикистон, Чин ва Русия ширкат меварзанд.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо дастаи мунтахаби занонаи волейбол ва ду тими футболи хурд аз шаҳри Душанбе -"Вавилон» ва «Телеком технолоҷӣ» намояндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG