Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Наҷот": Таҳрифи таърих дар телевизиони Тоҷикистон


Радиои "Озодӣ"

«Наҷот»:
«Инак аз эълони рӯзи истиқлолияти давлатии кишвар 16 сол сипарӣ гардид. Аммо то ҳол, бо мурури қариб ду даҳсола, насли ҷавони имрӯз аз ҳақиқати он, ки роятбардорони аслии истиқлолияти давлатӣ киҳо буданд, хабар надоранд. Аксарияти онҳое, ки имрӯз худро муборизи роҳи истиқлолият медонанд, дар гузаштаи начандон дур мухолифи истиқлолияти кишвар буданд. Даъват ба барқарории импературии рус ва Иттиҳоди Шӯравӣ мекарданд, ки гӯиё, агар Тоҷикистон соҳибистиқлол шавад, пас мардум аз гуруснагиву мушкилӣ ба ҳалокат мерасида бошанд... Ҷои таассуф аст, ки ҳамасола дар арафаи ҷашни истиқлолият тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар филмҳои мустанад таҳия ва пахш мегардад, кивоқеияти он рӯзҳо ба таври ошкоро таҳриф карда мешаванд».
(Раёсати Олии ҲНИТ, «Аз ноумедиҳо басе умед аст...»)

«Вечерний Душанбе»:
«Манъи ҳаракати автомобилҳо бо яке аз шоҳроҳҳои асосии пойтахт - пули хиёбони Сомонӣ - ба мушкилоти калони нақлиётӣ дар қитъаҳои дигар оварда расонид ва акнун ин қитъаҳо дучори мушкилоти тасаввурнопазир гардидаанд. Садҳо мусофирон субҳҳо нақлиёти бе ин ҳам камро интизорӣ мекашанд. Махсусан муҳассилин ва донишҷӯён душворӣ мекашанд».
(Г. Дзутсева, «Ҳарҷу марҷи нақлиётӣ»)

«Нигоҳ»:
«...масъулини баландпояи давлатӣ низ мақоли «худам шоҳу табъам - вазир»-ро сипар карда, заминҳоро барои «соҳибкорони нав» бе ягон ҳуҷҷату аснод ва тариқи ғайриқонунӣ ҷудо мекунанд...»
(Алишери Толиб, «Шаҳр бедарвоза нест!»)

«Asia-Plus»:
«Раҳбарияти созмонҳои минтақавӣ ва шаҳрии Кӯлоби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар як нишасти матбуотиашон рӯзи 3-вуми сентябр ҷиҳати манъи ҳиҷоб барои хонандагони макотиб эътирози расмӣ карданд. Муҳаммадшариф Набиев, раиси созмони шаҳрии Кӯлоби ҲНИТ: «Мо ба вазири маориф пешниҳод мекунем, ки бо масоъили муҳимтаре машғул шавад - дар ҳар муассисаи таълимӣ кӯдаконе ёфт мешаванд, ки на хондан метавонанд, на навиштан».
(Турко Дикаев, «ҲНИТ дар Кӯлоб эътироз мекунад»)

«Миллат»:
«Ва имрӯз мебинем, ки аксари давлатҳои исломии дунё ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам аз назари иқтисодӣ давлатҳои рушдёфтаи ҷаҳон ба ҳисоб мераванд. Яъне СССР барҳам хӯрд, вале давлатҳои исломӣ мавқеи устуворро дар фаъолияташон ноил гардиданд. Онҳо масоҷид вайрон накарданд, ҳиҷобсӯзонӣ накарданд, балки Исломро муқаддас шумориданд, роҳбаронашон бо китоби муқаддаси Қуръон қасам хӯрданду дар идораи давлат ростиро пеша намуданд ва ба комёбӣ муваффақ шуданд...»
(Масҷуд Собиров, раиси Ҳизби демократи Точикистон, «Таърих саабақ нашуд»)

«Чархи гардун»:
«Кӯдак, ки ба синфи якум омад, дар кӯдакистон бояд, ки хондану навиштанро аллакай ёд гирифта бошад... Бист-сӣ нафари онҳо, ки хонда метавонанд, ин маънои пешравии соҳаи маорифро дар ин самт нишон намедиҳад. Афсӯс, ки аксарияти мураббияҳо худашон дониши казоии қаноаткунанда надоранд. Сол то сол маоши омӯзгорон баланд бардошта мешавад, аммо сатҳи саводомӯзии шогирдони онҳо ҳанӯз ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест».
(Ҳотам Ҳомидов, «Табъу нашри китобҳои дарсӣ ба ислоҳот ниёз дорад!»)
XS
SM
MD
LG