Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли 6 «Мираж» ба Афғонистон


IA

Имрӯз вазорати мудофиаи Фаронса иброз дошт, ки 6 ҳавопаймои ҷангии мустақар дар шаҳри Душанбеашро ба пойгоҳи NATO дар вилояти Қандаҳори Афғонистон мефиристад.


Ба қавли намояндаи вазорати мудофиаи Фаронса, ҳамроҳ бо ҳавопаймоҳо 150 халабон ва ходимони фаннӣ ба ҷануби Афғонистон интиқол меёбанд.


Бо ин роҳ низомиёни Фаронса, ки ҷузъе аз Нерӯҳои Байнулмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон мебошанд, имкон меёбанд, ки парвозҳои дусоата аз Душанбе ба Қандаҳорро сарфи назар намуда, ҳарими ҳавоии ҷануби Афғонистонро зери назорати беҳтар қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG