Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вақти асосӣ мусовӣ анҷом ёфт


Футболбозони навраси Тоҷикистону Перуро ним соати дигари вақти изофӣ интизор аст.


Ду қисми аввал пирӯзи ин бозиро муайян накард. Ҳамакнун, ду қисми дигар 15-дақиқаӣ бозӣ мекунанд. Дар сурати мусовӣ дар вақти иловагӣ низ, пирӯзро зарбаҳои ёздаҳметра муайян хоҳад кард.


Дар панҷ дақиқаи охири бозӣ тоҷикон чанд ҳамлаи хуб карданд, аммо дар маҷмӯъ, нимаи дуввуми бозӣ зери идораи ваҳими перуягиҳо гузашт. Чандин бор дарвозабон Бердиев Тоҷикистонро аз нокомӣ наҷот дод. Дар ин бозӣ тими Перу ба сӯи дарвозаи Тоҷикистон 21 зарба задааст ва тоҷикон ба сӯи дарвозаи Перу танҳо 11 зарба зада тавонистаанд. Ҳисоби тӯбҳои кунҷӣ нӯҳ бар чаҳор низ ба нафъи авлодони инкҳост.


Дар бозии дигари ҳаштякниҳоӣ тими Гана бар тими Бразилия бо ҳисоби як бар сифр пирӯз омад.
XS
SM
MD
LG