Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Довар як тӯби дигари тоҷиконро қабул накард


Дар дақиқаи 28-и бозӣ тӯб пас аз зарбаи футболбози тоҷик боз як бори дигар вориди дарвозаи Перу гардид.


Аммо ин зарба пас аз ҳуштаки довар зада шуда буд ва аз ин рӯ, довари австралиягӣ ин тӯбро ҳисоб накард. Ҳолат ин буд, ки тоҷикон зарбаи ҷаримавӣ заданд ва дарвозабони Перу барои доштани ин тӯб ба пеш ҳаракат кард ва бо ҳамлагари тоҷик бархӯрд. Ин бархӯрдро довар ҳамчун ҳуҷум ба дарвозабон донист.


Наврасони тоҷик тавонистанд бозиро баробар бисозанд ва ҳоло бозӣ бо ҳамлаҳои тарафайн мегузарад. Дар шаҳри Сувон борон меборад ва майдон пур аз об аст. Ҳар зарбаи дур низ барои дарвозаҳо хатар дорад. То охири қисми аввал панҷ дақиқаи дигар мондааст ва бозигари Перу аллакай як корти зард гирифтааст.
XS
SM
MD
LG