Дар айни замон ниҳодҳои иктишофии ИМА дар гузориши муштараки Ожонсии марказии кашфи ИМА, Ожонсии кашфи вазорати мудофиа ва дигар хадамоти ҷосусии ин кишвар зери унвони «Пешбинии иктишофи миллӣ» («National Intelligence Estimate») ҳушдор медиҳанд, ки коҳиши шумораи сарбозон ва тағйири маъмурияти низомиёни амрикоии дар Ироқ боқӣ монда имкон дорад назму суботи ин кишварро комилан барҳам зада, боиси тавсиъаи ихтилофҳои мазҳабӣ гардад.
Вақте президент Буш ирсоли нерӯҳои тозанафас ба Ироқро эълон намуд, мансабдорони амрикоӣ таъкид мекарданд, ки ҳадаф аз ин амал таъмини фазои мусолиҳаи миллӣ миёни ҷамоатҳои мусулмонони шиамазҳабу суннимазҳаб ва курдҳои Ироқӣ мебошад.
Бо ишора ба ин нукта як афсари баландпояи ниҳодҳои иктишофии ИМА, ки нахост номаш ошкор гардад, ба хабарнигори рӯзномаи «Вашингтон пост» гуфтааст, ирсоли нерӯҳои иловагӣ ба Ироқ то ҳадде заволи назму суботро мутаваққиф кард, вале раванди оштии милли гурӯҳҳои сиёсиву маҳзабии Ироқ ҳамоно беҳаракат аст.
Дар гузориш таъкид шудааст, ки тазоду ихтилофи ҷамоатҳо дар Бағдод баръало эҳсос мешавад ва эҳтимол дар давоми аз 6 то 12 моҳи оянда ба шарофати нифоқи байни мазҳабҳо ва рақобат дар дохили ҷамоатҳо вазъи Ироқ боз ҳам нооромтар гардад.
Нашри «Пешбинии иктишофи миллӣ» чанд ҳафта қабл аз гузориши Дейвид Петреус, фармондеҳи нерӯҳои ИМА дар Ироқ, ва сафири Вашингтон дар Бағдод Райан Крокар ба табъ расид. Ин мақомҳои баландпоя бояд 15-уми сентябр стратегияи ИМА дар Ироқро натиҷагирӣ кунанд.
Аслан гузориши ниҳодҳои иктишофии ИМА, ки соле ду дафъа нашр мешавад, ҳамчун васила ё худ муҳиммоте барои ҳар ду ҷониби ҷанг хидмат мекунад, зеро сар аз моҳи оянда Конгресси Амрико баррасии муфассали ҷанги Ироқро оғоз хоҳад кард. Тасдиқи сармоягузории ҷанги Ироқ бар дӯши Конгресси ИМА аст. Дар давраи таътили тобистона вакилони мардумӣ шунидаанд, ки аксари раъйдиҳандагонашон ҷонибдори бозгашти сарбозони амрикоӣ ба ватан ҳастанд. Ин дархостҳои раъйдиҳандаггон дар тасмимгирии Конгресс аҳаммияти калон дорад.
Ҷон Ворнер, яке аз пешвоёни ҷумҳурихоҳон дар Сенат, мегӯяд: «Намояндагони Маҷлиси болоии Конгресси ИМА, ки чанде пеш аз Ироқ баргаштааст, 23-вуми август ба раисҷумҳурӣ Ҷорҷ Буш пешниҳод кард, ки беруншавии маҳдуди сарбозон аз Ироқро шурӯъ кунад».
Ба фикри Ворнер, ин иқдом ба сарвазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ собит хоҳад кард, ки садоқати ИМА ба ӯҳдадорияҳояш дар Ироқ бепоён нест. Ӯ меафзояд: «Ман бо эҳтиром ба ҷаноби раисҷумҳур мегӯям, ки шумори муайяни сарбозонро барои бозгашт муқаррар намоед. Шумо намехоҳед фурсатро аз даст диҳед, вале шояд мумкин бошад, ки аз 160 ҳазор сарбози феълан дар Ироқ мустақар буда, 5 ҳазор нафар ба хонаҳояшон баргашта, қабл аз иди Милоди Масеҳ ба дидори оилаҳову азизонашон муваффақ шаванд».
Қонунгузорони демократ тақозоҳои боз ҳам шадидтар намуда, даъват кардаанд, ки моҳҳои оянда тамоми воҳидҳои ҷангӣ аз Ироқ берун шаванд.

Ту беватан боши айби ким? Мо ВАТАН дорем!!!
Джамилбой кабл аз он ки чизе нависи камтар аз таьрих ва фарханги форси забонон огох шав таьриху фарханг факат арузу кофия нест. Хидмати форси забон онон ки ба дини мубини ислом карданд камтар аз арабхо нест. Андеша хам хуб чизест. Кабл аз ин арабро бишноси худатро бишнос.
Мувофики конуни ЧТ касоне ки пас аз даьват ба ватан барнаштанд ки ба гуфтай худашон мавриди авф чаноб карор гирифтаанд ва пас аз тафтишот бегунох дониста шудан набояд ба зиндон меандохтанд вале бозам паёми чаноб нодида гирифта шуда онхоро ба солхой дароз аз озоди махрум карданд!!!! Ба ки бояд дод гуфт??
Беҳтар буд ба ҷойи тағйири имло, гуфтугу бо забони адабиро ташвиқ мекардед, ки дигар мардум вай вай чову ко, чошид пошид намегуфт ва дуруст гап мезад. Баъд имлоям метавонистем, иваз кунем, ё хати форсиро ҳам дар паҳлуяш меомухтем. Он вақт ҳам лаъл ба даст меомаду ҳам ёр намеранҷид.
Арманихо таьрих гуфта ба хама гиря кардан,вале бо таьрих гуфтан ба ягон максад нарасиданд. Ба имруз пагох нигох кунед. Ришваю фасод, тагабози, судхои пушти дари баста..... айни замон ана инро бояд фикр кард. Э безор каред. Дигар миллатхо фикри кайхонро доранд мо асри 7 8 гуфта мегарем