Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амири Қатар ба Тоҷикистон меояд


hs

Ҳамад бин Халифа ал-Сонӣ, амири Қатар, як давлати арабӣ дар Халиҷи Форс бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.


Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, ки ин хабарро ироа намудааст, тафсили бештаре оид ба аҳдоф ва барномаи сафари амири Қатар ба Тоҷикистон надодааст. Сафари амир ал-Сонӣ ба Тоҷикистон дар таърихи 27 август оғоз меёбад.


Моҳи майи соли ҳолӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз Қатар боздиди расмӣ намуда буд. Дар ҷараёни он сафар, чаҳор санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фаннӣ имзо шуда буд.
XS
SM
MD
LG