Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодӣ пас аз се моҳи зиндон


Ҳолаи Исфандиёрӣ эътироф намуд, ки тайи муддати дар зиндон ба сар бураданаш муносибати зиндонбонон нисбат ба ӯ хуб ва меҳрбонона будааст. Раҳоии ин донишманди эронитабори амрикоӣ рӯзи 21-уми август дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки ҳанӯз ҳафтае пеш мақомотии қазоияи Эрон дар бораи анҷоми комили таҳқиқи парвандаи ӯ ва Киёни Тоҷбахш, шаҳрванди дигари боздоштшудаи эронитабори Амрико, хабар дода буданд. Ва аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё Киёни Тоҷбахш, мушовири Институти Ҷомиъаи Боз, кай аз маҳбас раҳо хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ҳарду - Исфандиёрӣ ва Тоҷбахш - дар моҳи май аз сӯи мақомоти эронӣ бо иттиҳомоти марбут ба масоили амниятӣ боздошт шуда буданд.

Рӯзи сешанбе, хабаргузории давлатии Эрон ИРНА аз як мақоми қувваи қазоия нақли қавл кард, ки ба таври номушаххас мегуфт, Киёни Тоҷбахш низ шояд дар ивази маблағи гарав то чанд рӯзи дигар аз боздошт раҳо шавад. Феълан Ҳола Исфандиёрӣ дар баҳои 3 миллиард риёл, муодили тақрибан 320 000 доллари амрикоӣ аз зиндони Эвин раҳо ёфтааст.

Аммо сарнавишти Алии Шокирӣ, як муборизи роҳи сулҳ, ки табаияти дугонаи Эрону Амрикоро дорад, ки низ дар Эрон дар боздошт ба сар мебарад, ҳамоно норавшан боқӣ мемонад. Мақомоти Эрон ҳамчунин иҷозати тарки қаламрави Эронро ба боз як амрикоии эронитабори дигар хабарнигори родиюи «Фардо» Пурнози Азимо ҳам, ки ба фаъолият дар ин родию ва таблиғоти зидди низом муттаҳам мекунанд, намедиҳанд.

Ба эътиқоди бархе аз нозирон, ин силсилаи боздоштҳои амрикоиҳои эронитабор дар баробари фурӯ нишондани эътирозоти донишҷӯён, фаъолони ҳуқуқи зан ва мунаққидони низом ҳалқаҳои як занҷири талошҳои давлати Эрон ба хотири аз равобит бо ҷаҳони берун тарс додани аҳли зиёи ин кишвар аст.

Нашри қисматҳои алоҳидаи суҳбатҳои Ҳолаи Исфандиёрӣ ва Киёни Тоҷбахш тавассути телевизиони давлатии Эрон, ба иддаъои мақомоти Теҳрон, бояд дар талошҳои Амрико ба қасди ба ҳам задани субот дар Эрон даст доштани афроди боздоштшударо исбот мекард. Аммо фаъолони ҳуқуқи башар нашри ин барномаҳоро маҳкум карда, гуфтанд, ки Исфандиёрӣ ва Тоҷбахш ба ин ҳама таҳти фишор иқрор кардаанд.

Вакили мудофеъи Ҳолаи Исфандиёрӣ барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Ширини Ибодӣ ба родиюи «Фардо» гуфтааст, ки парвандаи нафари таҳти ҳимояти вай ҳамчунон боз боқӣ мемонад, вале ӯ ба анҷоми муваффақиятомези парванда хушбин ҳаст.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Эрон нагуфтаанд, ки оё ба Ҳолаи Исфандиёрӣ иҷозати тарки қаламрави Эронро хоҳанд дод ё хайр.

Дар ҳоли ҳозир, далоили аслии раҳоии Ҳолаи Исфандиёрӣ равшан нест. Ин ҳам равшан нест, ки оё амали мазкур натиҷаи фишори афзояндаи байнулмилалӣ болои Эрон бо талаби раҳоии ӯ дар ивази маблағи гарав буда ё чизи дигар. Ин ҳам дар ҳолест, ки як идда мудофеъини ҳуқуқи башар ва сиёсатмадорони амрикоӣ аз Эрон даъват карда буданд, то шаҳрвандони эронитабори Амрикоро аз боздошт раҳо карда, ба онҳо иҷозат диҳад, ки хоки Эронро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG