Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Камбуди дардноки пизишкон дар Бадахшон


Сардори идораи тандурустии Бадахшон Укутанбек Темурбеков изҳор дошт, ки муассисаҳои беҳдоштии вилоят ҳамагӣ 50 дар сад бо мутахассисон таъминанд.

Вай вазъи масъаларо ба вижа дар ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Дарвоз нигаронкунанда номид: "Дар вилоят 250 пизишк намерасад. Дар Мурғоб ба ҷои 44 нафар ҳамагӣ 6 пизишк кор мекунанд, ки 3 нафари онҳо дандонпизишканд."

Нарасидани ҷарроҳон, осебшиносон, равоншиносон ва мутахассисони саратон ба таври ҷиддӣ эҳсос мешавад. Дар ноҳияи Дарвоз чанде пеш як ҳодисаи ҳалокати модари ҷавон ҳангоми таваллуди кӯдак ба қайд гирифта шуда, дар сурати мавҷудияти ҷарроҳ дар шифохонаи маркази ноҳия ҳаёти ин занро наҷот додан мумкин буд.

Сардори идораи тандурустӣ гуфт, ҳамасола 25 -30 донишҷӯ аз минтақа дар риштаҳои мухталифи донишкадаи тиббии Душанбе ба таҳсил мепардозанд, аммо теъдоди хеле ками ба минтақа бармегардад. Дастмузди кам ва душвориҳои иҷтимоӣ сабаби ин вазъ номида мешавад.
XS
SM
MD
LG