Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи дигари баҳс аз Зидан ва Матератси


Бахши хабар Расо баъд аз 13 моҳи пирӯзии тими футболи Итолиё дар ҷоми ҷаҳонии футбол, мураббии дастаи Фаронса ҳимоятгари итолиёӣ Марко Матератсиро барои аз майдон рондани Зайниддин Зидан чун "марди набард" ситоиш кард.

Раймон Доменеҳ дар сӯҳбат бо нашрияи "Де Паризиен" гуфт, "ҳар чизе, ки дар бозӣ рақибро заъиф мекунад, равост" ва ба Матератси аҳсант хонд.

Дар бозии охирини рақобатҳо барои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли гузашта Матератси Зайниддин Зиданро таҳқир кард ва беҳтарин бозигари дастаи миллии Фаронса аз ғояти асабоният дар посух Матератсиро бо калла ба қафаси сина зад.

Ин рафтори Зайниддин Зидан, ки зимнан охирин бозии ӯ дар саҳнаи ҷаҳонӣ буд, боиси аз майдон ронда шудани вай ва ҳам шикасти дастааш гардид ва дар ниҳоят, Итолиё барои бори чаҳорум барандаи Ҷоми ҷаҳонии футбол шуд.
XS
SM
MD
LG