Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусони туркманро озод мекунанд


Раиси ҷумҳурии Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, зиндониёнеро, ки дарозмуддат дар маҳбас ба сар мебаранд, афв мекунад ва ният дорад, ки чунин маъракаҳои озодкунии зиндониёнро соле чандин дафъа анҷом диҳад.


Изҳороти мазкур дар телевизиони маҳаллии ин кишвар пахш шуд.


Дар феҳрасти авалин гурӯҳи афвшавандаҳо исми 11 нафар ворид шудааст, ва дар миёни онҳо шахсе бо исми Насруллоҳ Ибн Ибодуллоҳ ҳам бурда мешавад, ки соли 2004 дар як мурофиаи махфӣ барои хиёнат ба ватан ба 22 сол равонаи зиндон шуда буд. Иттиҳоми вай ин буд, ки гӯё дар кӯшиши сӯиқасд ба ҷони раиси ҷумҳурии вақт Сафармурод Ниёзов дар ноябри соли 2002 даст доштааст. Насруллоҳ Ибн Ибодуллоҳ яке аз рӯҳониёни бонуфузи Туркманистон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG