Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон вазъи фавқулодда ҷорӣ намекунад


Мақомоти Покистон гуфтанд, ки раисҷумҳур Парвиз Мушарраф вазъи фавқулоддаро дар ин кишвар ҷорӣ намекунад.


Дар сӯҳбат бо радиои Афғонистон Озод сухангӯи ҳукумати Покистон Алии Дурронӣ баъди мулоқоти Мушарраф ва мақомоти кишвараш дар Исломобод ҳама гуна ҳаракатро ба самти ҷорисозии вазъияти фавқулода дар Покистон рад кард.


Сару садо дар заминаи эҳтимоли ҷорӣ шудани ҳукумати фавқулодда дар Покистон баъди он баланд шуд, ки Мушарраф ногаҳон ширкати худро дар нишасти сарони қабилаҳои Покистону Афғонистон мутаваққиф кард.


Ин нишаст тайи се рӯз мушкилоти марбут ба терроризм ва ҳамалоти Толибонро баррасӣ дорад.
XS
SM
MD
LG