Як мақоми баландпояи амрикоӣ гуфт, Гурҷистон ба Вашингтон далели мӯътамад пешниҳод кардааст, ки тибқи он, Амрико иддаои Тифлисро оид ба вайрон шудани ҳарими ҳавоии Гурҷистон аз ҷониби ҳавопаймои хориҷӣ пуштибонӣ мекунад.
Аммо бо ин вуҷуд, дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ ёвари вазири хориҷаи Амрико дар умури Аврупову Авруосиё Даниел Фрид барои чунин қонунвайронкуниҳо ба таври сареҳ Русияро гунаҳгор накард. Вай танҳо гуфт:
"Дар асл, мо аз ҳамлаи мазкур хеле нигарон ҳастем. Мо дар иртиботи наздик бо ҳукумати Гурҷистон мебошем, ки ба мо далели вуҷуди онро намоиш дод. Далели мазкур намоишгари он аст, ки ҳодисаи убури ҳарими ҳавоӣ ва ҳамла анҷом гирифтааст"
Вазорати хориҷаи Гурҷистон дар як гузорише мегӯяд, радарҳои онҳо нишон додаанд, ки ду ҳавопаймои ҷангии русии Су 24 аз қаламрави Русия вориди ҳарими ҳавоии Гурҷистон шуда як мушакро партоб намуданд. Ин мушак аз ҷониби Тифлис чун навъи Радуга 58 ном бурда мешавад. Мушаки мазкур мунфаҷир нашуд, он танҳо дар як маҳалли минтақаи Гори, наздик ба ҷумҳурии ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ сарозер шуд.
Мақоми вазорати хориҷаи Амрико бо маҳкум кардани ин ҳодиса гуфт, Вашингтон огаҳ аст, ки Маскав ҳама гуна иртиботашро бо ин ҳодиса рад мекунад. Вай гуфт, ки дар ин ҷо комилан рӯшан аст, ки ин ҳодиса наметавонад амали таҳрикомези Гурҷистон бошад ва аз Маскаву Тифлис даъват кард, ки дар роҳи таҳқиқи ин ҳодиса ҳамкорӣ кунанд.