Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши се чеҳраи шинохта ба манъи фаъолияти масоҷид


Муаллифон ҳамзамон дар номаи худ аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тақозо кардаанд, то аз идомаи басташавии масоҷид ҷилавгирӣ намояд. Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси ҲНИТ, дар шарҳи ин нома гуфт: «Номаи мо ва хоҳишҳои мо тибқи сиёсатҳои худи Президент аст, чун худи ӯ низ борҳо гуфтааст, ки дар муносибати дин ва давлат бояд ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ бошад. Ва яке аз роҳҳои мустаҳкам кардани ҳамдигарфаҳмӣ кумак ба ҳамдигар аст, пас агар масҷид ҳуҷҷат надорад, мақомот бояд барои аз қайд гузаштани он ёрӣ диҳанд. Аммо дарҳои баъзе масҷидҳои пойтахт хароб карда шудаанд ё баста шудаанд, ки ҳанӯз дар замони Шӯравии собиқ бино шуда буданд. Ҳатто яке аз масҷидҳо қарори раиси собиқи шаҳри Душанбе ҷаноби Поносовро дошт, вале бо ин ҳама фаъолияташ боз дошта шудааст».

Муҳиддини Кабирӣ ҳамчунин гуфт, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як мусоҳибаи худ ба телевизиони «Алҷазира»-и Қатар ба суоли хабарнигор дар бораи гӯиё басташавии 1400 масҷид дар Тоҷикистон «ин дурӯғи маҳз аст» гуфта, посухи рад додааст. Ба таъйиди оқои Кабирӣ, ҷаноби Раҳмон дар ҳамон мусоҳибааш аз ҷумла гуфтааст, ки «дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз чор ҳазор масҷид кушода аст ва амал мекунад».

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, яке дигар аз муаллифони ин нома, мегӯяд, иддае аз мақомоти динзудои кишвар бо бастани масҷидҳо нуфузи Тоҷикистон ва раҳбари ин давлатро дар ҷаҳон коҳиш медиҳанд. Ба иддаои оқои Ҳимматзода, ҳар маконеро, ки дар он Худоро парастиш ва ибодат мекунанд, масҷид номидан мумкин аст ва аз ин сабаб ба сурати расмӣ ба қайд гирифтани он дар ниҳодҳои давлатӣ эҳтиёҷ надорад.

Чун аз оқои Тӯраҷонзода пурсидем, ки басташавӣ ва шикастани иддае аз масоҷиди Душанбе чи пайомадҳое хоҳад дошт, ӯ посух дод: «Воқеъан ҳам, Тоҷикистон кишварест, ки 99 дарсади сокинонаш мусалмон ҳастанд ва ҷаноби раиси ҷумҳур ҳам дар чандин суҳбатҳояш ин рақамро зикр намудааст. Табиъист, ки мардуми мусалмон бояд намозашро бо ҷамоъат адо фармояд. Ва бо бастани масҷид як рукни асосии Ислом аз байн меравад, яъне бо ҷамоъат адо кардани намоз. Ва бадеҳист, ки марди мусалмон, шахсе, ки ба ин дин имону эътиқод дорад, аз чунин маҳдудиятҳо нороҳат мешавад, ки ин боиси сар задани норозигиҳо мешавад ва ин ба обрӯ ва эътибори низоми давлатдориамон садама эҷод мекунад. Ман бисёр метарсам, ки ин норозигиҳо оқибати хубе надорад».

Басташавии масҷидҳо миёни сокинони шаҳри Душанбе низ вокунишҳои шадидеро ба бор овардааст. Яке аз мусоҳибони радиои «Озодӣ» бобои Илёс дар ин робита мегӯянд: «Ҳар касе, ки масҷидро - хонаи Худоро - мебандад, рӯзи қиёмат ҷаннатро намебинад. Ин кори атрофиёни Президент аст, на худи ӯ. Онҳо як фазои диктатуриро эҷод мекунанд, обрӯи президентро мерезонанд. Золимӣ пойдор намемонад. Масалан, нисбат ба президенти Узбакистон Ислом Каримов барои масҷидҳоро манъ карданаш кам касе назари хуб дошт, аммо ҳоло мегӯянд, ки вай ба фаъолияти масҷидҳо иҷоза додааст, ҳатто аз ҳисоби худаш масҷидҳо сохтааст. Халқро набояд буғӣ кунанд, халқ бояд озод бошад».

Мусоҳиби дигарамон хонум Мадина чунин мегӯяд: «Масҷидҳоро набояд сарнагун кунанд, зеро ин хилофи ислом аст. Ба ҷои онро тахриб кардан ҳадди ақалл онро бояд ба як мусофирхона табдил кунанд, то мардуми беманзилу бебизоъат муваққатан дар он ба сар баранд. Савоби ин кор зиёдтар аст...»

Ба иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, дар Душанбе ду масҷид тахриб шуда, ба дари на камтар аз 100 масҷид қуфл зада шудааст ва ҳатто - чун дар номаи мазкур омадааст - бархе аз онҳо ба қароргоҳи милиса («опорный пункт») табдил шудаанд. Ҳамзамон аз манобеъи муътамад дар вилояти Хатлон хабар расид, ки як моҳ пеш 10 масҷид дар ноҳияи Панҷ ва 7 масҷид дар ноҳияи баста шуданд.

Ба ҷуз ин, мушкили сабтиноми масҷидҳо пеш омадааст, ки, ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва Муҳиддин Кабирӣ сабтином нашудани ин масоҷид аксаран бо кашолкории мақомоти давлатии маҳаллӣ сурат мегирад. Онҳо мисол меоранд, ки барои ба фаъолияти расмӣ шурӯъ кардани як масҷид дар Қӯрғонтеппа, маркази маъмурии устони Хатлон, зарур аст, масъулони масҷид аз 12 ниҳоди назоратӣ, мисли хадамоти барқу газ, оташнишонӣ, идораҳои меъморӣ, ҳифзи табиат, мақомоти андоз, кумитаи замин ва ҳукумати маҳаллӣ иҷозатнома дарёфт намоянд.

Вале дар ҳамин ҳол, мақомоти давлатӣ сабаби басташавии иддае аз масоҷиди Душанберо танҳо ба иҷозатномаи расмии фаъолият надоштани онҳо рабт медиҳанд.
XS
SM
MD
LG