Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти русҳо аз Қутби Шимол


Хлоя Арнолд Дар Русия аз бозгашти кашшофони Қутби Шимол истиқбол мекунанд. Дастаи олимон, пажӯҳишгарон ва сайёҳон таҳти раҳбарии Артур Челонгаров дар сафари Қутби Шимол муваффақ шуданд, ба бистари уқёнус фуруд оянд ва дар ин ҷо парчами миллии Русияро устувор кунанд. Баъди бозгашт онҳо гуфтанд, интиқоди сиёсатмадорони хориҷиро дар бобати ин сафари худ арзише қоил нестанд.

Бозгашти дастаи пажӯҳишии Русия аз Қутби шимол ба нуқтаи авҷи таблиғоти тавонмандии Русия дар саҳнаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. 54 узви гурӯҳро дар фурудгоҳи Внуковои Маскав оркестр, духтарон бо либоси миллӣ ва гулдастаҳо, ҷавонон бо парчами азими Русия ва шишаҳои шампан пешвоз гирифтанд.

Раиси сафари илмии Русия ва ҳамзамон узви порлумони ин кишвар Артур Челонгаров аз пешвозгирандагон ташаккур кард ва гуфт, танқидҳои байнулмилалиро ба як пули сиёҳ намегирад:
"Мо шодем, ки ба қаъри уқёнус расидем, ба ҷое ки миллиардҳо сол пои инсон нарасидааст ва парчами Русияро онҷо устувор кардем ва ман аз суханони сарони хориҷӣ парвое надорам.

Танқиди ин сафари олимони рус аз тарафи бисёр кишварҳо садо дода буд, вале рӯшантар аз ҳама вазири корҳои хориҷии Конодо Питер Маккей изҳор дошт, ки парчам занаду ҳақ талаб кардан бештар хости қарни 15 ум аст, на имрӯз."

Нотиқон дар расми пешвоз аз олимон як қаҳрамонии халқи рус номиданд, қаҳрамоние дар пеши назари аҳли ҷаҳон. Ин суханони пурҳароратро ҷавонони саҳни фурудгоҳ бо фиғон ҳамроҳӣ карданд. Инҳо ҷавононе буданд, ки худро Горди Кремлин меноманд ва орзуи онҳо ба баландтарин қуллаҳо расидани худшиносии мардуми рус аст. Он рӯз роҳи бозгаштагони Қутби Шимол то маркази Маскав пур аз шиор буд: "Ватан қаҳрамононро шодбош мегӯяд!"
XS
SM
MD
LG