Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cомонаи нави исломӣ дар Сингапур


«посухи сазоворе ба сомонаҳои радикалии исломӣ бигӯяд». то ба қавли таҳиягарони он Дар Сингапур сомонаи нави исломие роҳандозӣ шудааст

Ин сомона аз ҷониби созмоне мавсум ба Гурӯҳи эҳёи динӣ роҳандозӣ шудааст ва ин Гурӯҳ гуфтааст, ҳадаф дорад, то тавассути сомонаи нав «Исломро ба тариқи дақиқ ва дуруст шарҳ бидиҳад».

Дунёи виртуалӣ имрӯз саҳнаи аслии муҳориба бар зидди терроризм гардидааст, мегӯяд Лим Бун Ҳенг, як узви кобинаи вузаро. Ӯ беш аз 6.000 сомонаеро шумурдааст, ки ба қавлаш, ғояҳои тундгароёна ва ифротиро тарғиб мекардаанд.

Дар сомонаи нав, ки дар интернет бо нишонии www.rrg.sg дастрас аст, навиштаҳои уламои исломӣ ва наворҳои видеоии мунозироти динӣ барои мутолиа нашр мешудаанд. Ин сомона, ба гуфтаи роҳандозонаш, аслан боздоштани ҷавонон аз роҳи ифротгароиро ҳадафи худ қарор додааст.

“Густариши фарогири ғояҳои террористӣ имрӯз муҳаррики аслии афзоиши ифротгароӣ ва хатари терроризм мебошад”, навиштааст Стрейт Таймз, як нашрияи сингапурӣ аз қавли ҷаноби Лим.

Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки асосан ҷавонон тӯъмаи идеоложии террористӣ мегарданд. Лим гуфтааст, аксари кулли рӯҳониёни исломӣ мӯътақиданд, ки Ислом ҳамлаҳо болои афроди бегуноҳро маҳкум мекунад. Аммо баъзан ин фармудаҳои Ислом ба самъи мусалмонони ҷавон намерасад ва онро садои баланди тарғиботи террористӣ пахш мекунад, афзудааст ҷаноби Лим.

Роҳан Гунаратна, раҳбари як маркази байналмилалии Пажӯҳиши терроризм ва хушунати сиёсӣ бо изҳори хушнудӣ аз роҳандозии ин сомона гуфтааст, он бо забонҳои малайӣ ва арабӣ дастрас хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG