Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил ба бунёди давлати мустақили Фаластин розӣ аст


Котиби давлатии ИМА Кондализа Райс имрӯз дар шаҳри Рамаллоҳи Каронаи бохтарии рӯди Урдун бо мақомоти Фаластин дидору гуфтугӯ анҷом дод.


Дар мулоқот бо Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин, хонум Райс хабар дод, ки раҳбарияти Исроил дар музокирот бо ӯ аз омодагии худ ҷиҳати баррасии масоили бунёдии марбут ба бунёди давлати мустақили Фаластин изҳори назар кардаанд. Ба гуфтаи Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, ин мавзӯъи аслии конфаронси байнулмилалӣ оид ба Ховари Миёна хоҳад буд, ки баргузории онро раисиҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш пешниҳод кардааст.


Дар ҳамин ҳол, Кондализа Райс ва Маҳмуд Аббос зери созишномае имзо карданд, ки тибқи он Иёлоти Муттаҳида ҷиҳати ислоҳоти мақомоти амниятии Фаластин 80 млн доллар ҷудо мекунад.
XS
SM
MD
LG