Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикон сулҳи дигар кишварҳоро посдорӣ хоҳанд кард


Намояндагии Cозмони милал дар Тоҷикистон дар рӯзи анҷоми фаъолияти худ дар ин кишвар аз таъсиси аввалин гурӯҳҳои посдори сулҳ аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон хабар додааст.


Владимир Сотиров, раҳбари намояндагии мазкур дирӯз дар Душанбе зимни маросими анҷоми кори ин ниҳод гуфт, аз ҳисоби намояндагони Тоҷикистон се гурӯҳи вижаи посдорони сулҳ таъсис шудааст.


Оқои Сотиров афзуд, ҳар гурӯҳ шомили 15 нафар аст ва нисфи аъзои ҳар гурӯҳро занону духтарон ташкил медиҳанд. Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир афроди интихоб шуда машғули супурдани имтиҳон аз рӯи забони англисӣ ва маҳорати ронандагӣ мебошанд.


Ҳоло мушаххас нест, ки гурӯҳҳои тоҷикистонии посдори созмони милал дар кадом кишвар мустақар мегарданд. Вале Владимир Сотиров, раҳбари намояндагии Созмони милал дар Тоҷикистон гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар қатори намояндагони 100 кишвари олам дар кишварҳои даргири низоъҳо ба фаъолият мепардозанд.
XS
SM
MD
LG