Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти варзишкорони тоҷик аз Эрон бо ду медали тилло


. Варзишкорони тоҷик дар мусобиқоти бози каратэ-киёкушини Ҷумҳурии Исломии Эрон ду медали тилло ба даст оварданд.

Ба иттилоъи Ҳикматулло Кароматов, раиси Федеросиюни каратэ-киёкушини Тоҷикистон, дар ин мусобиқот беш аз 150 варзишкор аз Эрон, Туркия, Сурия, Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҳайати 12 даста дар чаҳор гурӯҳ рақобат карданд.

Шарафи Тоҷикистонро аъзои дастаи Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Тоҷиктелеком» ҳифз намуданд. Ду нафари онҳо ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Шӯҳрат Давлатов дар рақобатҳои инфиродӣ байни бузургсолон дар вазни то 60 килограмм бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, мақоми аввалро касб кард.

Каратэкори дигари тоҷик Икром Назаров низ дар сабқати бузургсолон дар вазни то 70 килограмм ҳамаи ҳарифонашро шикаст дода, соҳиби ҷойи аввал гардид.


Ғолибон ба шаҳри Брест мераванд

Мусобиқаи интихобии ҷумҳуриявӣ дар риштаи гуштии камарбандӣ, ки дар толори варзишии «Юбилейний»-и шаҳри Хуҷанд тӯли ду рӯз идома кард, рӯзи якшанбе ба анҷом расид.

Элмурод Тағоев, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин мусобиқот 29 паҳлавон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва пойтахти кишвар ширкат доштанд. Ғолибони мусобиқот дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин давраи Бозиҳои варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё моҳи сентябр дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус ширкат хоҳанд кард.»

Сабқати паҳлавонон дар се вазн сурат гирифта, бо пирӯзии гуштигирони шаҳри Истаравшан хотима ёфт. Улуғбек Қаробеков дар вазни то 46 килограмм, Умедҷон Тошмуродов дар вазни то 60 килограмм ва Эркин Уғлӣ Рауфӣ дар вазни то 83 килограмм мақоми аввалро касб карданд.


Сафари футболбозони ҷавони тоҷик ба Туркия

Дастаи мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 17-сола субҳи душанбеи 30-юми июл ба Туркия сафар кард.

Ба иттилоъи Пӯлод Қодиров, сармураббии ин даста, футболбозони ҷавони тоҷик тӯли ду ҳафта дар пойтахти Туркия - шаҳри Анқара тамрин карда, ҳамзамон бо ду бошгоҳи футболи мизбонон ва яке аз тимҳои лигаи олии футболи Гурҷистон се бозии контролӣ анҷом хоҳанд дод.

Сипас дастаи Тоҷикистон шаби 12-уми август аз Туркия ба Куриёи Ҷанубӣ сафар хоҳад кард. Дар пойтахти ин кишвар - шаҳри Сеул аз 18-уми август то 9-уми сентябр мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2007 байни наврасони то 17-сола бо ширкати 24 даста дар 6 гурӯҳ баргузор мешавад.

Дастаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо тимҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ( 20-уми август), Белгия ( 23-юми август) ва Тунис ( 26-уми август) рақобат хоҳад кард.

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG