Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масҷиди Лаъл: боз 10 кушта ва 15 маҷрӯҳ


Як бомбгузори интиҳорӣ имрӯз бо мунфаҷир кардани бомб дар назди гурӯҳи афсарони пулис дар назди масҷиди Лаъли Исломобод дастикам 10 нафарро кушта ва 15 тани дигарро маҷрӯҳ кардааст.


Шогирдони мадориси шаҳр монеъи вуруди имоми нави масҷиди Лаъл шуданд, ки барои имоматии намози ҷумъа ба ин ибодатгоҳ омада буд.


Ин масҷид се ҳафта қабл баъди даргирии нерӯҳои артиш ва исломгароёни тундрави дар дохили он сангаргирифта, ки беш аз сад кушта ба ҷой гузошт, баста шуд.


Гуфта мешавад, давлати Покистон баъди таъмиру таҷдиди деворҳои осебдидаи масҷид мехост, ки як рӯҳонии писанди хулро имоми ин масҷид кунад.
XS
SM
MD
LG