Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавондухтари тоҷик муовини вазир мешавад


Бояд гуфт, феълан дар мақомоти раҳбарикунандаи кишвар фаъолияти ягон ҷавоне дар ҳудуди синни 22 то 30 сола ба назар намерасад, аксари кулли мансабдорони тоҷик шахсони солманд ва собиқадороне ҳастанд, ки ҳанӯз аз замони шуравӣ фаълият доранд Абдураҳмон Хонов, кормнади Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мегӯяд имрӯз дар Тоҷикистон ҷавонони бодонишу фаъол зиёд ҳастанд, танҳо онҳо аз ҷониби масъулин кашфу ба мансабҳои раҳбарикунанда пешбарӣ намешаванд. Ба қавли ӯ дар сохторҳои ҳукуматӣ сиёсати кадрӣ аз ҷониби масъулин чандон хуб ба роҳ монда нашудааст.

Баъзан дар суҳбат масъулин иброз медоранд, ки ба нирӯи ҷавонон, ки амалан дар солҳои ҷанг ба воя расида ва ё таҳсил кардаанд, чандон эътимод надоранд. Вале ба ақидаи мусоҳиби дигарам боварӣ накардан ба нерӯи ҷавонон ва далел овардани бетаҷрибагиҳои онҳо танҳо баҳонаи кадрҳои солманд аст. Дар асл ба қавли ин ҷавон кадрҳои пиронсол аз он дар ҳаросанд, ки бо омадани худ ҷавонон бо идеяҳои ҷадиду тоза метавонанд онҳоро аз мансаб дур созанд.

Вале гурӯҳи дигари ҷавонон ба мисли мусоҳибам Ситора иллати ба мақомоти раҳбарикунанда роҳ наёфтани ҷавононро дар вуҷуди масъалаи ришваву хешу таборбозии масъулин ҳангоми қабул ба кор медонанд, ки ҷавонони боистеъдод чунин имконро надоранд.

Воқеан имрӯз аксари ҷавонон орзӯи ба мақоми раҳбари расиданро доранд ва ба назари аксарият ҳам бо омадани ҷавонони сари мансаб дар сохторҳои ҳукуматӣ метавон ислоҳоти зиёд, навсозиҳову таҳаввулоти фаровон ба вуҷуд ояд, тавре имрӯз мешавад дар ҳукумати Гурҷистон мушоҳида кард.

Ва аммо имрӯз ҷавонон ҳангоми пеш омадани ин мавзӯъ нимшӯхиву нимҷиддӣ мегӯянд, ки мақоми баланд ҳам мисли он латифа, роҷеъ ба писари генерал, аксар вақт ба мерос мемонад, ва тавре ин ҷавонҳо мегӯянд, писари деҳқон боз деҳқон мешаваду писари раис - раис.

Ин ҳама андешаҳо дар ҳоле аст, ки бо пешниҳоди раисҷумҳур Шаҳноз Назирова пеш аз шурӯи расмии кораш ба ҳайси муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ метавонад исми худро ба Шаҳнози Беназир дигар кунад ва бо ҳамин ном аз шаҳри Хуҷанд, ки феълан дар он ҷо кору фаъолият дорад, ба Душанбе барои фатҳи қуллаҳои нав биравад.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG