Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Асаҳи Шимбун" дар бораи Тоҷикистон


Асаҳи Шимбун навиштааст, ки Иёлоти Муттаҳида аз болои рудхонаи Омӯ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон пули 670-метрӣ бунёд мекунад, ки маблағи он - 36 миллион доллар аз сӯи вазорати дифоъи Амрико пардохта мешавад. Ин пул бояд моҳи август мавриди истифода қарор бигирад. Трейси Анн Ҷакобсон – сафири Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон мегӯяд, ки тавассути ин пул ҳаракати нақлиёт ва тиҷорат миёни Тоҷикистону Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт. Ӯ меафзояд, ки ин пул минтақаи аз захоири энерҷӣ бойи Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла, бозорҳои бузурги Ҳиндустону Покистон наздиктар месозад.

Ба навиштаи Асаҳи Шимбун, соли гузашта Чин низ эълом дошт, ки барои бунёди роҳҳо ва хатти интиқоли барқ дар чаҳорчӯби барномаҳои Созмони ҳамкориҳои Шонҳой 74 миллиард иен муодили 600 миллион доллар ҷудо мекунад. Имсол барои ҳамин аҳдоф кишвар боз 400 миллион доллар тахсис хоҳад дод. Як манбаъи дипломатӣ ба Асаҳи Шинбун гуфтааст, ҳукумати Чин ба он хотир дар рушди Тоҷикистон саҳм мегирад, ки аз густариши нуфузи Ислом ба қисмати ғарбии Чин ҳарос дорад.

Ширкатҳои чиноӣ ҳарчӣ бештар ба Тоҷикистон роҳ меёбанд ва Чин коргарону мутахассисонашро ба ин кишвар мефиристад. Афзудани тарабхонаҳои чиноӣ дар шаҳри Душанбе намоишгари ҳузури афзояндаи Чин дар Тоҷикистон аст.

Асаҳи Шимбун навиштааст, Русия соли 2005 дар бораи ширкаташ дар эҳёи бунёди неругоҳҳои Тоҷикистон саҳм гирифт, ки баъди фурупошии Шӯравӣ аз фаъолият бозмонданд.

Дар ин миён, Эрон, кишваре, ки мардумаш бо тоҷикон пайванди хешовандӣ доранд, низ дар бунёди неругоҳҳои барқӣ обии Тоҷикистон саҳм мегирад.

Асаҳи Шимбун менависад, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки дарҳои мо ба рӯи ҳама кишварҳо боз аст ва мо бо кишварҳои бузург равобити созанда бунёд мекунем. Ӯ ҳамчунин наздикшавӣ бо Осиёи Ҷанубиро муҳим арзёбӣ мекунад. Сарвари Тоҷикистон гуфтааст, агар мо бо Афғонистон равобити наздик дошта бошем, мо ба Халиҷи Форс наздиктар хоҳем шуд. Тиҷорат бо Эрон ва Ҳинд афзоиш меёбад ва мо дар шукуфоии ҳама минтақаи Осиёи Марказӣ саҳм мегирем.

Ва аммо Асаҳи Шимбун навиштааст, Тоҷикистон бори гарони қарзро бар дӯш дорад. Ҳарчанд кишвар эълом дошт, ки соли 2005 ҳаҷми тавлидоти нохолис дар кишвар 2 миллиарду 300 миллион долларро ташкил додааст, айни ҳол он тақрибан 1 миллиард доллар мебошад. Ва ин вазъ дарёфти қарзҳои нав. Аз ҷумла, қарзҳои Ҷопонро мушкил месозад.

Ҷопон барои ихтисоси қарзҳои бузург ба Тоҷикистон омода аст ва аммо, ба гуфтаи намояндаи расмии вазорати умури хориҷаи Ҷопон, қарзҳои Тоҷикистон айни ҳол ба татбиқи ин иқдом имкон намедиҳанд. Айни ҳол Ҷопон бо грантҳои хурд ва ҳамкориҳои текнолоҷӣ иктифо мекунад.

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки кишвараш дар бисёр бахшҳо, аз ҷумла, захоири табиӣ, ҳамлу нақл ва мухобира метавонад бо Ҷопон ҳамкорӣ кунад. Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки Ҷопон ба рушди Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Ва ба навиштаи Асаҳи Шимбун, Тоҷикистон ба хотири таҳкими равобит бо Ҷопон мехоҳад дар Токио сафорати кишварро ифтитоҳ намояд.
XS
SM
MD
LG