Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои тенниси Тоҷикистон


Ин мусобиқот бо ширкати 48 нафар теннисбозони ҷавон аз вилояти Суғд, пойтахти кишвар ва шаҳру навоҳии тобеъи марказ баргузор шуд.

Шаҳло Мирбозхонова, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт: «Ин мусобиқот барои теннисбозони ҷавони тоҷик як марҳилаи омодагӣ ба Ҷоми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешуд, ки ахри моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.»

Дар рақобатҳои инфиродӣ байни духтарон Таҳмина Бурҳонова, аз шаҳри Чкалов пирӯз гардид. Ҳамшаҳрии ӯ Азиза Азизова дар ҷойи дуввум ва Шабнам Юсуфҷонова, аз Душанбе дар ҷойи севвум қарор гирифтанд.

Сабқати ҷавонмардон бо ғалабаи Анвар Раҳматови душанбегӣ хотима ёфт. Ҳамдастаҳои вай Дилшод Шарифӣ ҷойи дуввум ва Мирҳусейн Яҳёев ҷойи севвумро касб карданд.

Шабнам Юсуфҷонова, узви дастаи Душанбе ва Комила Мирзоева, аз шаҳри Чкалов дар сабқати ҷуфти занона ба дарёфти мақоми аввал даст ёфтанд. Аъзои дастаи мизбон Азиза Мирзоҳалимова ва Азиза Азизова соҳиби ҷойи дуввум шуданд. Таҳмина Бурҳонова, аз Чкалов ва Сарвинози Муҳаммад, аз Душанбе мақоми севвумро гирифтанд.

Дар сабқати ҷуфти мардона теннисбозони шаҳри Душанбе се ҷойи ифтихориро азони худ карданд. Саргей Макашин ва Анвар Раҳматов дар ҷойи аввал, Дилшод Шарифӣ ва Мирҳусейн Яҳёев дар ҷойи дуввум, Рустам Қаюмзода ва Аҳмадҷони Муҳаммад дар ҷойи севвум қарор гирифтанд.

ИРОҚ ВА АРАБИСТОНИ САЪУДӢ - ДАР ФИНАЛ

Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Ироқ ва Арабистони Саъудӣ ба бозии ниҳоии Ҷоми Осиё-2007 роҳ ёфтанд.

Дастаи Ироқ дар бозии ниманиҳоӣ дар варзишгоҳи миллии шаҳри Куала-Лумпури Малайзиё бар тими Куриёи Ҷанубӣ аз рӯи силсилаи пенолти ё зарбаҳои 11-метра бо натиҷаи 4 бар 3 пирӯз шуд. Замони асосӣ ва изофии ин дидор бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Бояд тазаккур дод, ки Ироқ барои нахустин бор ба финали Ҷоми Осиё роҳхат гирифт.

Дастаи Арабистони Саъудӣ дар варзишгоҳи миллии шаҳри Ҳанойи Вйетнам мунтахаби Ҷопонро бо натиҷаи 3 бар 2 мағлуб сохт ва нақшаи пайиҳам бори севвум барандаи Ҷоми Осиё гардидани ҷопониҳоро барбод дод.

Бад-ин тартиб тимҳои Ироқ ва Арабистони Саъудӣ рӯзи якшанбеи 29-уми июл дар варзишгоҳи «Гелора Бунг Карно»-и шаҳри Ҷакартаи Индонезиё дар бозии ниҳоӣ барои ба даст овардани Ҷоми Осиё рақобат хоҳанд кард. Як рӯз пеш аз ин дидор тимҳои Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ дар пойтахти Индонезиё барои дарёфти мақоми севвум ва медалҳои биринҷӣ талош мекунанд.

Воқеъан, бар асоси қарори кумитаи иҷроияи Конфедеросиюни футболи Осиё се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё-2007 ба ҳаққи ширкат дар давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 сазовор мешаванд. Бинобар ин Ҷопон ва Куриёи Ҷанубӣ, ҳамчунин барои роҳхати севвум мубориза мебаранд.

Мизбони Ҷоми Осиё-2011, ки рӯзи 29-уми июл дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи AFC - Конфедеросиюни футболи Осиё дар Ҷакарта эълон хоҳад шуд, бидуни ширкат дар марҳилаи муқаддамотӣ ба давраи ниҳоӣ роҳ дода мешавад.

Инчунин, мувофиқи қарори ҷадиди Конфедеросиюни футболи осиё барандагони Ҷоми даъвати AFC дар солҳои 2008 ва 2010 низ ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегиранд. Аз ин рӯ дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ки нахустин барандаи Ҷоми даъвати AFC маҳсуб мешавад, имкон дорад, дар мавриди пирӯзӣ дар мусобиқоти соли 2008 ва ё соли 2010 соҳиби роҳхат ба давраи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 шавад.
XS
SM
MD
LG