Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон "шабакаи ҷосусӣ"-ро ошкор кардааст


Дар Эрон бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо ду донишманди боздоштшуда Ҳолеҳ Исфандиёрӣ ва Киёни Тоҷбахш чанд нафар боздошт шуданд.


Раиси хадамоти амнияти Эрон Ғуломҳусейн Муҳсинӣ Эҷеӣ дар бораи ошкор шудани ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи “ҷосусони маҳаллӣ” хабар дод, ки як бахши шабакаи созмондодаи Ҳолеҳ Исфандиёрӣ ва Киёни Тоҷбахш аст. Ӯ аз ироаи ҷузъиёти дигар, аз ҷумла, ошкор кардани ному насаби боздоштшудаҳо худдорӣ кард.


Ҳолеҳ Исфандиёрӣ ва Киёни Тоҷбахш – донишмандони иронитабори амрикоӣ моҳи май дар Теҳрон бо иттиҳоми таҳдид ба амнияти Эрон дастгир шуданд. Иёлоти Муттаҳида бо исрор раҳоии онҳоро талаб дорад.
XS
SM
MD
LG