Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии пизишкон аз домани марг


Пизишкони булғорие, ки дар Либия барои олуда сохтани кӯдакон бо вируси СПИД аввал ба марг ва пасон ба зиндон маҳкум шуданд, ба София баргаштанд. Онҳоро дар тайёраи ҳукуматии Фаронса хонуми раисҷумҳури ин кишвар Сисилия Саркози ва кумиссионери умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо Бенита Ферреро Валднер ҳамроҳӣ мекарданд.

Панҷ доя Кристина Валчева, Насия Ненова, Валентина Сиропуло, Валя Червеняшка, Снежана Димитрова ва пизишки фаластинӣ Ашраф алҲазозро дар фурудгоҳ аъзои оилаашон пешвоз гирифтанд.

Ҳамаи онҳоро Либия ба дидаву дониста олуда кардани 400 кӯдаки либиёӣ бо вируси СПИД муттаҳам мекард. Пизишкон, ки аз соли 1999 ба ин сӯ дар Либия зиндонӣ буданд, ин иттиҳомро рад карда, мегӯянд, таҳти шиканҷаву азоб ба ин ҷиноят иқрор шудаанд.

Снежана Димитрова, яке аз доягони раҳошудаи булғорӣ баъди бозгашт дар фурудгоҳи София гуфт:
“Ман ба хотири ин лаҳза мезистам ва ниҳоят он расид. Ман ҳеҷ гоҳ ҳукми маргро қабул надоштам. Зеро он ҳеҷ гоҳ ҳукми ман набуд. Инак, ман хушбахтам”

Сергей Станишев, сарвазири Булғористон қазияи пизишконро як кобус хонд:
“Барои мо аз ҳама муҳим ин аст, ки чор пизишки мо ба хона сиҳату саломат баргаштанд. Ҳар он чӣ тайи ҳашт соли ахир ба сари онҳо омад, як кобус буд, ки инак, ба охир расид”

Георгий Парванов, раисҷумҳури Булғористон баъдан амри авфи панҷ доя ва пизишки фаластиниро, ки моҳи июн ба табаияти Булғористон пазирифта шуд, содир намуд. Хосе Мануэл Бароссо, раиси Кумиссиюни Иттиҳоди Аврупо низ аз бозгашт ва авфи пизишкон истиқбол ва онро як муваффақияти Иттиҳоди Аврупо арзёбӣ кард:
“Ин ҳодиса барои мо мардуми Аврупо лаҳзаи осудахотирӣ, пурэҳсос ва хушбахтӣ аст. Ман ба мардуми Булғористон ва шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупои мо, барои онҳое, ки имрӯз ба хушбахтии мо пайвастаанд, паёми ҳамдилӣ ва рафоқат мефиристам”

Оқои Бароссо гуфт, озодии пизишкон далели пурра ба эътидол омадани равобити Либия бо Иттиҳоди Аврупо шуд. Вай афзуд, озодии пизишкон ҳамчунин тадобиреро ба хотири нигоҳубини беҳтари кӯдакони аз СПИД олудашудаи Либия дар пай дорад.

Абдулраҳмон Шалғам, вазири умури хориҷаи Либия дар Триполи гуфт, Иттиҳоди Аврупо ва Либия сари шакл додани ҳампаймонии комил ба тавофуқ расиданд, ки аз ҷумла як қатор кӯмакҳоро баъди раҳоии пизишкон дар назар дорад.

Озодии пизишкон баъди чанд ҳафтаи музокироти пуршиддат миёни Либияву Иттиҳоди Аврупо ҳосил шуд.
Ҷузъиёти муомилае, ки дар Триполӣ миёни мақомоти Либияву Сисилия Саркози, ҳамсари раисҷумҳури Фаронса ва Бенито Ферреро Валднер, кумиссионери умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо сурат гирифт, маълум нест.

Дар ҳамин ҳол, Николас Саркози, раисҷумҳури Фаронса, ки гуфта буд, барои кӯмак ба Либия кишвари аз ҷомиаи ҷаҳонӣ бурида рӯзи чоршанбеи гузашта хоҳад омад, ҳама гуна пардохти пулиро ба Либия такзиб кард.
“Ман комилан таъйид мекунам, ки на Аврупо ва на Фаронса ба Либия ҳатто камтарин кӯмаки молиро нарасонидаанд”

Изҳороти Саркози дар ҳоле садо дод, ки Абдулраҳмон Шалғам, вазири умури хориҷаи Либия қаблан гуфта буд, Иттиҳоди Аврупо ва Фаронса ба оилаҳои бачагони олудашуда аз СПИД ҷубронпулӣ хоҳанд пардохт.

Вакили дифоъи оилаҳои садҳо кӯдаки олудашудаи СПИД ҳанӯз 17 июл эълом дошта буд, ки онҳо 460 миллион доллар ҷубронпулӣ гирифтаанд. Идрис Лағҳа, вакили дифоъ гуфт, ҳар як аз 460 оила 1 миллиондолларӣ гирифтаанд. Оқои Лағҳа гуфт, ин маблағ таариқи як созмони ғайридавлатии мавсум ба Бенғазӣ Интернешнл Фанд расидааст, ки аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Булғористон, Либия ва Бритониё маблағгузорӣ мешавад.

Баъдан оилаҳои Либия ба ҳуҷҷате, ки ҳукми маргро бекор мекард, имзо карданд. Додгоҳи Олии Либия ҳукми маргро ба зиндон иваз кард. Ду рӯз баъд София аз Триполи расман хостори истирдоди пизишкон ба Булғористон шуд ва ваъда дод, ки онҳо иҷрои ҳукмашонро дар ватан идома медиҳанд.

Авфи шаш пизишк мавқеи Булғористон ва ҳампаймонҳои онро тақвият медиҳад, ки мегуфтанд, Либия қазияи онҳоро ба нафъи хадамоти фалаҷгаштаи сиҳиаш истифода мекунад. Коршиносони байнулмилал мегӯянд, олудашавие, ки 56 кӯдакро кушт, қабл аз омадани пизишкон ба шифохонаи Бенғазӣ шурӯъ шуда буд ва қабл аз ҳама паёмади вазъи бади беҳдошт дар Либия аст.
XS
SM
MD
LG