Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризояти Эрон ҷиҳати таъсиси кумиссиюн дар мавриди Ироқ


CA

Иёлоти Муттаҳида Эронро ба пуштибонӣ аз ситезаҷӯёни Ироқ айбдор кард.


Аммо дар даври дувуми гуфтушуниди мустақими Амрико ва Эрон дар Бағдод сафири ИМA дар Ироқ Раян Крокар гуфт, Эрон усулан розӣ шуд, то барои таҳкими амният дар Ироқ як кумиссиюн таъсис ёбад.


Президанти ИМА Ҷорҷ Буш, ки бо афзоиши эҳсосоти зиддиҷангӣ дар Амрико рӯбарӯст, ҷанги Ироқро бо муборизаи зидди "ал-Қоида" пайванд дод.


Дар ин байн дар Ироқ аз таркиши худкушона дар бозори шиъаҳо дар Ҳилла 26 нафар ба ҳалокат расида, 70 нафар захмӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG