Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари "Регар" ТадАЗ ба Туркия


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳоло ки дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон танаффус эълон шудааст, ҷамъомади таълимиву тамринии даста тӯли ду ҳафта, яъне то рӯзи 6-уми август дар пойтахти Туркия баргузор мешавад. Дар он ҷо, ҳамзамон, мо чаҳор бозии дӯстона бо бошгоҳҳои футболи Туркия, Гурҷистон, Эрон ва Арабистони Саъудӣ анҷом хоҳем дод.»

Ҷаноби Ҳабибуллоев иброз дошт, ки дар ин сафар ба ҳайати дастаи «Регар» ТадАЗ 20 бозигар шомиланд.

ТЕННИС. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба теннис байни навҷавонон дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд ҷараён дорад.

Шаҳло Мирбозхонова, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ гуфт:"Ин мусобиқа бо ширкати 50 нафар теннисбозони ҷавон аз вилояти Суғд, пойтахти кишвар ва шаҳру навоҳии тобеи марказ баргузор шудааст. Миёни онҳо варзишгарони моҳир, монанди Аҳмадҷони Муҳаммад, Анвар Раҳмонов, Шабнам Юсуфҷонова, Таҳмина Бурҳонова, Меҳрангез Сатторова, Рустам Носиров ва дигарон ҳастанд."

Сабқати ниҳоии теннисбозони ҷавони тоҷик рӯзи 24-уми июл баргузор мешавад.


ФУТБОЛ.Тими мунтахаби футболи ҷавонони Аргентина барандаи Ҷоми ҷаҳон-2007 байни бозигарони то 20-сола гардид.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни ҷавонон дар Конодо баргузор шуд. Аргентина дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 22-уми июл дар шаҳри Торонто сурат гирифт, бар дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба кард ва ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Дастаи Ҷумҳурии Чех соҳиби мақоми дуввум ва медалҳои нуқра гардид.

Дастаи Чили, ки барои дарёфти ҷойи севвум бар тими Австрия бо натиҷаи 1 бар 0 ғолиб омад, бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуд.
XS
SM
MD
LG