Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Макка-ТВ" -- барои Тоҷикистон


Ташаббуси таъсиси чунин шабака дар мулоқоти раиси ширкати "Ал-Аъудиа" Уссом Солеҳ ва раиси Шӯрои муфтиёни Русия шайх Равил Ғанйддин баррасӣ шудааст. Дар ин гуфтушунид тазаккур ёфтааст, ки телевизиони нав барои аҳолии русизабони Арманистон, Гурҷистон, Русия, Тоҷикистон, Укроин, Қазоқистон ва Қирғизистон намоиш пахш кунад. Дар оянда қарор аст, шабакаи нав намояндагиҳои худро дар ин кишварҳо таъсис диҳад.

Шабакаи "Макка-ТВ" мехоҳад, ба маърифати исломии бинандагони худ афзояд ва ривоятҳои дурӯғинеро, ки ба дини мусулмонон нисбат дода мешаванд, фош кунад. Муассисони шабака гуфтаанд, талош хоҳанд кард, аз андешаҳои тундравона дар миёни уммати ислом пешгирӣ намоянд.
XS
SM
MD
LG