Имрӯз, 24-уми июл, дар Бағдод даври дувуми гуфтушунидҳои Эрон ва Амрико дар сатҳи сафирони ду кишвар оғоз хоҳад шуд.
Ин хабарро вазири умури берунаи Ироқ Ҳушёри Зебарӣ низ тасдиқ кард. Ӯ гуфт, дар ин нишасти муҳим масъалаи кӯмаки Эрон ба тақвияти суботу амният дар Ироқ тамаркуз хоҳад шуд.
Даври аввали ин гуфтушунид дар 28-уми май, боз ҳам дар Бағдод барпо шуда буд. Аз тарафи Амрико сафири он дар Бағдод Раян Крокар ва аз тарафи Эрон сафири ин кишвар дар Бағдод Ҳасани Козимии Қумӣ ширкат доштанд. Вале он мулоқот чандон натиҷае ба бор наоварда буд.