Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати исломии Узбакистон - дар Тоҷикистон?


Шариф Назаров, муовини вазири умури дохилаи Тоҷикистон, тайи як нишасти матбуотӣ гуфт, ҷустуҷӯ ва боздошти аъзои ин ҳаракати тундрави мазҳабӣ дар қаламрави кишвар дар ҳоли идома аст. «Дар шаш моҳи соли 2007-ум ҳафт узви Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт гардиданд. Аз онҳо маводи тарканда, беш аз сад патрони пистолети Макаров ва 650 грамм ҳексогенро мусодира кардем. Аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон аслан дар ноҳияи Исфараи устони Суғд ва навоҳии наздимарзии Қирғизистон боздошт шудаанд».

Ба қавли оқои Назаров, ин афроди боздоштшуда шаҳрвандони Узбакистон ҳастанд. Вай аъзои Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро ҳамчунин дар ҳамлаи рӯзи 12-уми майи имсол ба посгоҳи миёни Қирғизистону Тоҷикистон айбдор донист. Соли гузаштаниз аз сӯи кормандони мақомоти умури дохилаи Тоҷикистон 23 узви Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт гардида буданд.

Дар ҳамин ҳол Фаррух Умаров, як таҳлилгари мустақил, бар ин бовар аст, ки феълан дар ҳудуди Тоҷикистон ҷонибдорони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ба сар мебаранд. Вай гуфт, ин ҳаракати исломии мамнӯъшуда метавонад амнияти кишварро низ халалдор кунад.

Оқои Умаров ба ин нукта ҳам ишора кард, ки баъд аз оғози амалиёти байнулмилалии зиддитеррористӣ дар Афғонистон баъзе аз аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон аз паноҳгоҳҳои пешини худ фирор намуда, дар кишварҳои амни Осиёи Марказӣ паноҳ бурдаанд. Ӯ мегӯяд: «Ҳаракати исломии Узбакистон дар Тоҷикистон пайравони худро дорад. Тавре медонем, як қисми аҳолии Тоҷикистон мардуми узбакзабон ҳастанд ва аз эҳтимол дур нест, ки дар миёни онҳо усулгароёни мазҳабӣ низ вуҷуд дошта бошанд. Онҳо метавонанд ба ҳаракати исломии Узбакистон, ки як ҳаракати миллию мазҳабӣ ҳам ҳаст, бипайванданд ва то андозае авзоъи амниятии Тоҷикистон ва минтақаро номуътадил созанд».

Чанде қабл додситони кулли Тоҷикистон номгӯи 10 ҳизбу созмонро бо шумули Ҳаракати исломии Узбакистон расман созмонҳои террористӣ эълом карда буд.
XS
SM
MD
LG