Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се навҷавон дар зилзилаи Рашт


Заминларзаи шадид дар ноҳияи Рашт се наврас кушта, чандин нафарони дигар захмӣ бар ҷой гузошт ва беш аз 130 хонаро комилан хароб ва даҳҳо манзили дигарро қисман вайрон намуд.


Зилзила соати 3.45 субҳи 22 июл рух дод. Бино бар иттилоъи расмӣ, як теппа болои як хона чаппа шуда се писарбача, ки аз ҳафт то 15 сол доштаанд, зери он мондаанд.


Маркази зилзила 196 километрии шоҳроҳи Душанбе -Рашт ва шиддати он шаш дараҷаи Рихтер будааст. Аксари сокинони Рашт гуфтанд, дар чиҳил соли ахир чунин як зилзиларо надида буданд.


Раиси кумитаи ҳолоти изтирорӣ дар раъси як кумиссиюни вижаи марказӣ дар ҳоли ҳозир дар Рашт қарор дорад. Аз чанд деҳае, ки хабарнигори Озодӣ дидан намуд, хонаводаҳо қисман аз ҷониби Ҳилоли аҳмар бо хаймаҳо таъмин шудаанд. Гуфта мешавад, ҳамзамон якчанд созмони дигари байналмилалӣ низ ваъдаи кӯмак ба мардуми офатдида кардаанд.
Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG