Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норӯшани асирони Толибон


Толибони Афғонистон гуфтанд, ки онҳо ду гаравгони олмониро ба қатл расониданд. Толибон ҳамчунин ҳушдор доданд, ки дар сурати напазируфтани талабҳояшон гурӯҳи сокинони Кореяи Ҷанубӣ кушта хоҳанд шуд. Як намояндаи Толибон Қорӣ Муҳаммад Юсуф Аҳмадӣ иттилоъ дод, ки гаравгонҳои олмонӣ ба қатл расиданд, зеро Берлин неруҳои худро аз Афғонистон берун накашид.
Ва аммо Султон Аҳмад Баҳин - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Афғонистон ин хабарро такзиб кард ва гуфт, ки яке аз гаравгонҳои олмонӣ бар асари сактаи дил аз олам даргузаштааст ва гаравгони дувум ҳанӯз барҳаёт аст ва талошҳо барои раҳоии ӯ идома хоҳанд кард. Қорӣ Муҳаммад Юсуф Аҳмадӣ ҳамчунин гуфт, агар мақомоти Афғонистон толибони асируфтодаро озод накунанд ва Кореяи Шимолӣ низомиёнашро аз Афғонистон берун накунад, онҳо ба қатли 23 шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ шурӯъ мекунанд. Султон Аҳмад Баҳин - сухангӯи вазорати хориҷаи Афғонистон дирӯз иқрор кард, ки сокинони Кореяи Ҷанубӣ - аъзои созмони масеҳии евангелистӣ дар вилояти Ғазнӣ рабуда шудаанд.
Интизор меравад, ки имрӯз ба хотири наҷоти гаравгонҳо як ҳайати ҳукуматии Кореяи Ҷанубӣ вориди Афғонистон мешавад. Мақомоти ин кишвар аллакай изҳор карданд, ки то охири сол низомиёни худро аз Афғонистон берун мекашанд. Ҳудуди 200 низомӣ аз Кореяи Ҷанубӣ ба ҳайати неруҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон шомиланд.
XS
SM
MD
LG