Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргузории интихоботи порлумонӣ дар Туркия


СҶ

Имрӯз 22 - юми июл дар Туркия интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин маърака ҳизби ҳукмрони Адолат ва тавсеъа бештари ройҳоро соҳиб шавад. Дар давраи пешазинтихоботӣ ин ҳизби сарвазир Раҷаб Тайиб Урдуғон барои талоши боло бурдани нуфузи дин дар ҷомеъа ҳадафи танқиди аҳзоби ҷонибдори ҷомеъаи шаҳрвандӣ қарор гирифт.

Тасмим дар мавриди тақрибан чаҳор моҳ пештар доир кардани интихоботи парлумонии Туркия ба хотири рафъи бӯҳрони сиёсие гирифта шуд, ки баъди талошҳои нокоми баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур дар парлумон ба вуқуъ пайваст. Моҳи май номзад ба мақоми раисиҷумҳур аз ҳизби ҳукмрони Адолат ва тавсеъа - вазири умури хориҷаи Туркия Абдулло Гул ду бор натавонист ороъи заруриро ба даст оварад, зеро аҳзоби мухолиф ин маъракаро таҳрим карда аз ширкат дар раъйдиҳӣ сарпечӣ карданд.
Интихоботи парлумонӣ дар Туркияро Иттиҳодияи Аврупо таҳти заррабин қарор медиҳад. Туркия аз довталабони пайвастан ба ин Иттиҳодия аст.
XS
SM
MD
LG