Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли журналисти курд дар Эрон


Хабаргузориҳо мегӯянд, журналисти курдитабори Эрон Аднон Ҳасанпур ва фаъоли ҳуқуқи курдҳо Ниво Бутиморбо иттиҳоми фаъолиятҳои зидди амнияти миллии Эрон ба қатл маҳкум шудаанд. Бархе аз сомонаҳои интернетии Эрон гуфтаанд, ҳарду маҳкумшуда аъзои як гурӯҳи сиёсии курдӣ ва мухолифи давлат ҳастанд. Аммо хоҳари ҷаноби Ҳасанпур гуфтааст, бародари ӯ як хабарнигори озод аст ва ба ҳеч хилофкорие даст назадааст.



Ҳасанпур сардабири ҳафтаномаи "Ассу" буд, ки дар моҳи августи соли 2005 аз тарафи давлат баста шуд. Ҳасанпур ва Бутимор дар моҳи январи имсол боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG