Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди нави Амрико ва Эрон


Иёлоти Муттаҳида гуфтааст, умедвор аст, ки ба зудӣ даври дуюми гуфтушуниди мустақим бо Эронро шурӯъ хоҳад кард. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Шон Маккормак мегӯяд, агар ин гуфтугӯ барпо шавад, сирфан ба масъалаи вазъи Ироқ бахшида хоҳад шуд ва "ин як имконияте хоҳад буд, то мустақиман ба давлати Эрон гуфта шавад, ки рафтори он дар Ироқ бо шиору суханонаш мувофиқат намекунад."

Маккормак афзуд, фаъолиятҳои Эрон дар Ироқ на танҳо ба амнияти нирӯҳои Иёлоти Муттаҳида дар ин ҷо таҳдид мекунад, балки ба ҳукумати Ироқ имкон намедиҳад, амният ва эътидолро барои мардуми хеш таъмин намояд. Бо мусбат хондани нақши Эрон дар Афғонистон, Маккормак ишора кард, ки Амрико ҳамин гуна нақши Эронро дар Ироқ хоҳон аст.

Суханони вай баъд аз чанд соати суханони вазири корҳои берунаи Эрон, Манучеҳри Муттакӣ садо доданд, ки дар Теҳрон аз иродаи кишвараш ба гуфтушунид бо Амрико хабар дод, вале афзуд, барои ин бояд даъват расмии Амрико баланд шавад.

Аз мулоқоти аввал, яъне гуфтушуниди сафирони ду кишвар дар Бағдод, муносибатҳо миёни Вошингтону Теҳрон ба сардӣ гароид. Вошингтон озодии чаҳор амрикоии эрониаслро талаб мекунад, ки бо иттиҳоми таҳдид ба амнияти Эрон боздошт шудаанд. Мақомоти амрикоӣ ин айбномаро сохта меноманд. Дар ин байн Теҳрон озодии панҷ эрониро мехоҳад, ки бо иттиҳоми омӯзониш ва мусаллаҳсозии размандагони шиъа дар Ироқ боздошт шудаанд. Эрон онҳоро дипломат мешуморад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида эҳтимоли баррасии барномаи ҳастаии Эронро дар ин мулоқот рад кард.
XS
SM
MD
LG