Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабаркашии интернетӣ


Ду сомонаи аҷиб

Амрико: Як созмони амрикоӣ бо нашри сомонаи интернетии худ ба мардум муроҷиат кард, ки дар бораи ҳама гуна ҳодисаи ришвату фасод ба ин марказ иттилоъ диҳанд.

Созмони ғайридавлатӣ қарор аст, ин маълумотро ба ниҳодҳои интизомии кишвар пешниҳод кунад.

Аҷибаш ин ки шахс метавонад, бе навиштани номи ва суроғаи худ, чунин маълумотро ирсол дорад.


Русия: Ҳукумати яке аз ноҳияҳои Маскав, ноҳияи Ҷанубушарқ, як сомонаи интернетӣ таъсис дод ва аз сокинони ноҳия хост, ба воситаи он дар бораи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба мақомоти давлат хабар диҳанд.

Ҳар шаҳрванд метавонад, дар бораи он ки дар ҳамсоягиаш афроди бегонасурат зиндагӣ мекунанд ва мумкин аст, ҳуҷҷат надошта бошанд, ба мақомоти иттилоъ расонад.
XS
SM
MD
LG