Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯҳнавардони ҷаҳон ба Тоҷикистон меоянд


Раъно Собирова, аввалин зани кӯҳнаварди тоҷик , ки ҳоло корманди масъули яке аз ширкатҳои сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фатҳи қуллаҳои Помир, ки ахири моҳи июл оғоз мешавад, ширкати беш аз 150 кӯҳнавард аз 17 кишвари ҷаҳон, мисли Испаниё, Белгия, Фаронса, Эрон, Исроил, кишварҳои Ҷомеъаи Мушатаракулманофеъ ва назди Балтик дар назар аст.

Хонум Собирова афзуд: «Кӯҳнавардон тавассути чархбол аз Душанбе ба урдугоҳи аслӣ - марғзори Москвин, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 4200 метр воқеъ аст, парвоз мекунанд ва пас аз мутобиқшавӣ ба шароити обу ҳавои Помир дар талоши фатҳи қуллаҳо хоҳанд шуд. Вале на ҳамаи кӯҳнавардон бино бар нархи гарон аз хизмати чархбол истифода мекунанд ва бархе аз онҳо аз Душанбе то шаҳри Хоруғ -маркази вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳистон тавассути мошин мераванд. Кӯҳнавардон қуллаҳои баландтарини Помир - Исмоили Сомонӣ ва Евгения Корженевскаяро, ки баландиашон беш аз 7 ҳазор метр мебошад, фатҳ хоҳанд кард.»

Ба гуфтаи хонум Собирова дар фатҳи қуллаҳои баландтарини Помир, ҳамчунин, ду кӯҳнаварди пуртаҷрибаи Тоҷикистон Шамсиддин Қаҳҳоров ва Виктория Ким ширкат хоҳанд кард.

Мавсими кӯҳнавардӣ дар Помир ахири моҳи август ба анҷом мерасад.
XS
SM
MD
LG