Як сокини 98-солаи Исроил ҳафтаи гузашта бобобобобобокалон шуд.
Охири ҳафтаи гузашта чабераи Меа Шеарим фарзанддор шуд.
Ҳарчанд дар ин маҳаллаи яҳудинишини Байтулмуқаддас хонадории бармаҳал расм аст, аммо бо гӯши худ шунидани садои гиряи фарзанди чабера, (ё ин ки набераи абера, ё ин ки абераи набера, ё ин ки чабераи фарзанд) ҳодисаи нодир аст.
Ҳамакнун, агар бобои бобокалони тифл 98 сол дошта бошад, бобои бобои тифл 78 сол дорад, бобокалони тифл 57 сола мебошад, бобояш 37 сола ва падараш 18 солаанд.
Дар оилаи Шеарим ба мисли хонадонҳои зиёди дигари рӯҳонии яҳудиён дар синни 17-18 издивоҷ кардан расм будааст.
Дар ҳоли ҳозир, ин оила 450 узв дорад. Як узви ин оила гуфтааст, тамомии хонадон хоҳони умри бардавом барои сарвари пиронсоли худ мебошанд ва фарзандони худро дар ин синну сол барои он хонадор мекунанд, то ки онҳо муртакиби гуноҳ нашаванд.