Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус мегӯяд, ҷосусонро боздошт намудааст


Як намояндаи аршади хадамоти махфии Беларус гуфт, шабакаи ҷосусие боздошт шудааст, ки ба манфиати Лаҳистон фаъолият мебурд.


Виктор Вегуера, ноиби раиси Кумитаи амнияти Беларус гуфт, чор шаҳрванди Беларус ва як шаҳрванди Русия бо иттиҳоме боздошт шуданд, ки иттилоъи махфиро дар бораи низоми дифоъи зиддиҳавоии Беларус ва Русия ба бегонагон мефурӯхтанд.


Ӯ гуфт, ин афрод сарбозони собиқ мебошанд. Бар зидди онҳо парвандаи хиёнат боз шудааст, ки то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG