Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шармгин кам умр мебинад?


шармгин набошед Олимон мегӯянд

Хислатҳое чун шармгинӣ, изокашӣ ва хиҷолатӣ будан умри инсонро кӯтоҳ мекардаанд. Ин хислатҳо сабаби асосии бемориҳои қалб будаанд.


Инро пажӯҳишгарони Донишгоҳи Норсвесстерни Чикаго, баъд аз таҳқиқоти сисола исбот кардаанд.


Олимон гуфтаанд, ҳатто тамокукашӣ ва хӯроки серравған ё номусоид ба андозае зарар намерасонанд, ки хиҷолат ва шармгинӣ.


Олимон гуфтаанд, роҳи табобаташ он аст, ки бояд фаврӣ ин хислатро аз худ дур кард, бояд дар давраву маҳфилҳо бештар ширкат кард, аз гуфтани фикри худ бояд наҳаросид, вақти худро хуш бояд гузаронд ва монанди инҳо.

Албатта, ин олимон гуфта натавонистаанд, ки чаро афроди дар ҷомеа фаъол низ бештар ба бемориҳои дил гирифтор мешаванд.
XS
SM
MD
LG