Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сардабир танҳо бо амри Карзай озод шуд


Эътилофи матбуотии Афғонистон гуфт, ки сардабири як нашрияи ҳукуматие, ки ду ҳафта пеш аз ҷониби хадамоти махфии Афғонистон боздошт шуда буд, озод гардид.


Хабаргузории «Франс-Пресс» дар нақли қавл аз як гурӯҳи кумакрасони матбуот дар ин кишвар хабар медиҳад, ки оқои хабарнигори боздоштшуда Осифи Нанг бо як амри Ҳомиди Карзай, раъисиҷумҳури Афғонистон, озод шудааст.


Гуфта мешавад, ки Осифи Нанг рӯзи 30-ми июн баъди нашри матлаби як донишманди конодоӣ, ки дар он аз Ҳомиди Карзай интиқод мекард, боздошт шуда буд.
XS
SM
MD
LG