Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд баста гардид


Чунонки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон иттилоъ дод, дирӯз роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёти заминӣ муваққатан баста шуд.


Ба қавли масъулини ин кумита, сабаби ин ҳолат фаромадани сел ҳамроҳ бо сангрезии зиёд дар маҳалли Осиёи Торич шудааст. Гуфта мешавад, дар натиҷаи рух додани ин офати табиӣ тақрибан 200 метри ин шоҳроҳи муҳимми пайвасткунандаи ҷанубу шимоли кишвар зери тӯдаи калони санг мондааст.


Дар Департаменти хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар ҳоли ҳозир роҳ барои ҳаракати нақлиёти заминӣ баста аст, вале барои тоза кардани роҳ 3 воҳиди техникаи заминрӯб фиристода шудааст.


Дар ҳамин ҳол дар ду тарафи роҳи масдудшуда тақрибан 1200 мошин дармондаанд.
XS
SM
MD
LG