Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия Роғунро раҳо нахоҳад кард


Ҳафтаномаи «Собития» навиштааст оғои Наришкин алоқаи Русия ба ниругоҳи Роғунро хеле фишурда шарҳ доду гуфт, Русия дар робита ба ин ниругоҳ манофеи зиёд дорад.
Дар ҳоле, ки Русия мукараран таъкид мекунад, ки бо сохтмони Роғун дасти худро аз Тоҷикистон барнахоҳад гирифт, як намояндаи Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар Вячеслав Поставнин дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи дигари чопи Душанбе «Бизнес и политика» бо қатъият гуфтааст, ҳарчанд Тоҷикистон аз Русия дархости иҷозаи кори 800 ҳазор муҳоҷири кории тоҷикро кардааст, аммо аз 100 ҷазор бештар имкон дода нахоҳад шуд. Вай афзудааст, ба ҳеҷ ваҷҳ муҳоҷиирин корие, ки аз қаламрави Русия ихроҷ шудаанд афв нахоҳанд шуд.
Баъзе аз нашрияҳо навиштаанд Русия бо Тоҷикистон муносибати дугоник дорад. Ҳафтаномаи мустақили «Миллат» бо чопи як мақолаи муфассал роҷеъ ба гузашта ва ҳузури феълии Ҳизби таҳрир дар Осиёи марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба нашр расондаст. Нависандаи ин мақола пешинҳод мекунад, ки мақомоти масъули кишвар алайҳи ин созмон шеваи муборизаи худро тағйир диҳанд, яъне аз усули зурӣ ва таъқибу боздошту ба ҷазо кашиданҳо даст кашанд ва роҳҳои пайдоишу зоишҳои ҳалқаҳои Ҳизби таҳрир ва омилҳои густариши он дар манотиқро бояд ҷуст. Ва дар ин росто тамоми ниҳодҳои давлатӣ аз ҷумла Шурои уламои маркази исломӣ, Сарраёсати дини Вазорати фарҳанг бо таъсиси гурӯҳҳои таблиғотӣ ҷалб карда шуда, дар навоҳӣ ва рустоҳо ва дар масҷидҳо оид ба барномаву аҳдофи ин ҳизб сӯҳбат намуда, мардумро аз амалҳои иртиҷоии он огоҳ созанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Додситони кули Тоҷикистон ба Додгоҳи олӣ змини ирсоли як нома тақозо кардааст, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҳизбуттаҳриро ҳамчун созмони террристӣ бишносанд.
Ҳафтаномаи «Фараж» навиштааст, ки муҳитарин ҳодисаи ин ҳафта аз ҷониби як донишҷӯ ба додгоҳ кашида шудани Вазорати маориф ва Донишкардаи забонҳо дар масъалаи ҳиҷоб мебошад.
Бархе аз донишҷу пуштибонӣ карда гуфтаанд, дар ин моҷаро масъалаи аслӣ на ҳиҷоб, балки кадом нукоти дигар аст, зеро барои як русарӣ ва ё ҳиҷоб имкон надорад, ки днишҷӯро барои ҳӯзур дар синфхона иҷоза надиҷанд.
XS
SM
MD
LG