Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи сайёраи обдор


Мунаҷҷимон гуфтанд, ки дар як сайёраи берун аз низоми офтобӣ об, яъне муҳимтарин унсур барои ҳаётро ошкор кардаанд. Аммо он курраи дорои об хориҷ аз дастрасии мо инсонҳост ва мушакҳои кӯчаки офаридаи инсоният то он ҷо расида наметавонанд.

Ва агар дар ояндаҳои дури дур ҳам расида тавонанд, он сайёра барои зиндагӣ мувофиқ нест, чаро ки аз газ на аз сангу хок таркиб ёфтааст ва гузашта аз ин ҳарорат дар он ҷо то андозае боло меравад, ки оҳанро об мекунад. Ва обе, ки дар он сайёра пайдо кардаанд, ба шакли бухор вуҷуд дорад, на оби маъмулие, мо дар рӯи Замин дорем.

Ба сайёрае, ки об доштааст, HD189733b унвон додаанд ва он 15 фисад аз Муштарӣ сайёраи бузургтарини низоми офтобӣ бузургтар аст ва дар бурҷи Рӯбоҳи Хурд дар гирди ҳамсафари худ чарх мезанад.

Хулосаи ин кашфиёт дар нашри тозаи рӯзномаи Nature мақолае ба табъ расидааст. Ин кашфиёт мутааллиқи гурӯҳи мунаҷҷимон бо раҳбарии Ҷованӣ Тиннетӣ аз Оҷонсии кайҳоншиносии Аврупо ва Донишгоҳи Лондон аст.

Сайёраи HD189733b бархе аз нурҳои инъикосшудаи ҳамсафарашро меҷаббад, ки ин гӯяндаи мавҷудияти об дар атмосфераи он сайёраи дур аз Замин мебошад.

Сайёраҳои хориҷ аз низоми офтобиро нахустин бор соли 1995 кашф карданд ва шумораи онҳо дар ҳоли афзудан аст. Аммо то кунун танҳо 245 адад сайёраҳои хориҷ аз низоми офтобӣ мушоҳида шудааст.

Мушоҳидаи чунин сайёраҳо асосан ғайримустақим даст медиҳад, яъне онҳоро тавассути нурҳои алвонҷхӯрандае кашф мекунанд, ки аз Замин дида мешавад. Ин нурҳо ҳангоми даврзании сайёраҳо дар атрофи ҳамсафарҳояшон афканда мешаванд. Аммо бори аввал аст, ки бо ин роҳ мавҷудияти об дар сайёраеро кашф мекунанд.

Ҷованӣ Тиннетӣ мегӯяд, агарчӣ сайёраи HD189733b сайёраи барои зиндагӣ мувофиқ нест, аммо кашфиёти онҳо нишон медиҳад, ки об дар ҷойҳое, ки мо тасаввур мекардем вуҷуд надорад, вуҷуд доштааст. Ба қавли Ҷованнӣ Тиннетӣ, бо усули онҳо метавон дар оянда муҳитҳои мувофиқтар барои зиндагӣ дар коинотро омӯхт.

Ҳамсафари сайёраи HD189733b ба андозаи курраи Замини мо вале каме сардтар будааст. Аммо худи сайёра дӯзах барои инсон хоҳад буд, чаро ки ҳавои атмосфераи он то 2 ҳазор дараҷа гарм мешавад.

Аммо мушоҳида кардани сайёраи таркибёфта аз санг дар Бурҷи Тиллоии коинот ҳадяи хубе барои инсоният хоҳад буд, чаро ки дар ин бурҷ ҳарорат ба андозае нест, ки об бухор шавад ва ба андозае сард нест, ки ях бандад. Яъне об ба шакли моеъ дар он вуҷуд хоҳад дошт.

Орзуи ягонаи мунаҷҷимон низ ба гуфтаи Ҷованнӣ Тиннетӣ пайдо кардани сайёраи шабеҳи Замин аст, ки дар он об вуҷуд дошта бошад. Агар чунин шавад мегӯяд, олими итолиёӣ яқин хоҳад шуд, ки дар сайёраҳои хориҷ аз низоми офтобӣ низ зиндагӣ вуҷуд дошта метавонад.
XS
SM
MD
LG