Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду вакил дар Исфара ба иттиҳоми ҷиноёти молӣ


Мақомоти Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара боз ду нафарро ба иттиҳоми ҳамдастиашон бо Низомхон Ҷӯраев, тоҷири бонуфузи ин ноҳия, ки ба даст доштан дар ҷиноёти молӣ муттаҳам мешавад, боздошт намудаанд.


Мақомоти тафтишотии вилояти Суғд гуфтаанд, Нодирхон Убайдуллоев, сарвари корхонаи маводи ғизоӣ ва Рустам Зикриёев, яке аз саҳмиядорони ширкати «Шараф» бо ҷиноёти молии Низомхон Ҷӯраев рабт доранд. Ин ду нафар ҳамчунин дар сирқати моликияти давлат ба андозаи бузург ва саркашӣ аз пардохтани молиёт муттаҳам мешаванд.


Низомхон Ҷӯраев баъди он таҳти пайгардии қонун қарор гирифт, ки маҷлиси вилоятии Суғд ваколати намояндагиашро бекор кард. Аммо коршиносон мегӯянд, Нодирхон Убайдуллоев ва Рустам Зикриёев низ вакили маҷлиси ноҳиявӣ мебошанд ва боздошташон қонунӣ буда наметавонад. Ба ақидаи онҳо, ин се нафари бонуфузи Исфара барои он таҳти таъқиб қарор гирифтанд, ки ҳукумати марказии Тоҷикистон аз мавқеъгирии онҳо норозист.
XS
SM
MD
LG